Абдушариф Боқизода
Абдушариф Боқизода (Боқиев Шариф; 10 январи 1964, Қаротегин, ноҳияи Рашт, вилояти Ғарм, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 26 сентябри 2024, Душанбе, Тоҷикистон) — ховаршинос, донишманд ва пажӯҳишгари улуми исломӣ. Муаллифи рисолаҳои «Фиқҳи исломӣ» ва «Тафсири навини Қуръони карим».
Шариф Боқиев | |
| |
Таърихи таваллуд | 10 январ 1964 |
Зодгоҳ | Қаротегин, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 26 сентябр 2024 (60 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | диншиносӣ |
Ҷойҳои кор | Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В.Ломоносов (1994), Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2008) |
Зиндагинома
вироишАбдушариф Боқизода 10 январи соли 1964 дар Қаротегин ба дунё омадааст. Падару модараш аз аҳли илму фазл ва огоҳ аз донишҳои адабию илмии калассикӣ будаанд. Аз ин рӯ тарбияти падар дар роҳи илмии вай муассир будааст. Баробари таҳсил дар мактаби миёна, ҳамчунин дар назди чанде аз шахсиятҳои маъруфи мазҳабӣ дар Рашту Кофарниҳону Душанбешаҳр таҳсили илм карда, ба улуми сарфу наҳв, фасоҳату балоғат, тафсиру аҳодис ошно шуд ва тадриҷан ба таснифот пардохта, чанд рисолаеро манзури умум кард. Нахустин асараш «Ислом раҳнамои халқҳо» аст, соли 1985 чоп шуд.
Таҳсилоти олӣ
вироишАбдушариф Боқизода соли 1994 риштаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ва соли 2008 риштаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст..
Таълифот
вироиш- «Ислом раҳнамои халқҳо» (1985)
- «Таърихи ислом» (дар ду ҷилд, 1988)
- «Ошноӣ бо Қуръон» (2004)
- «Ҳаҷ» (2006)
- «Рӯзаи моҳи Рамазон» (2006)
- «Закот» (2007)
- «Панднома ва ё насиҳатномаи Имоми Аъзам (рҳ) Бойгонӣ шудааст 2 марти 2021 сол.» (2009)
- «Имоми Аъзам бузургмарди таърихи башарият» (2009)
- «Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ» (2011)
- «Тафсири навини Қуръони карим» (2006, 2009, 2011)
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- «Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ», — Лоҳур: Lahoria Book Banding in Company, 2011. — 798 c.
Пайвандҳо
вироиш- «Тафсири навини Қуръони Карим» падидаи нодирест дар ҳудуди пасошӯравӣ Бойгонӣ шудааст 17 апрели 2017 сол. // Рӯзгор. ТҶ, — 19 декабри 2011.
- Абдушариф Боқизода: Тамоми ҷаҳон ба маърифати исломӣ ниёз дорад Бойгонӣ шудааст 15 сентябри 2012 сол. // Рӯзгор. ТҶ, — 29 январи 2012.