Абдуллоҳ (шоир)
Абдулло́ҳ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (охири садаи XV — ибтидои садаи XVI).
Зодгоҳ: | Ҷом |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | порсӣ |
Зиндагинома
вироишДар зодгоҳаш — шаҳри Ҷом таҳсил карда, ба шеъргӯӣ оғоз намуд ва чун шоири тавоно шуҳратманд гардид. Аз истеъдоди баланди ӯ дар эҷоди ғазалу рубоӣ ва маснавӣ Алишери Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис» иттилоъ додааст. Ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавию Амир Хусрави Деҳлавӣ ва маснавиҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ ҷавобия навиштааст. Абёти зерин намунаи шеъри ӯянд:
- Пас он гаҳ басе говмешони нар,
- Ба занҷир бастанд бар якдигар.
- Ки дар пеши хандақ фасиле бувад
- Ва з-ӯ ҳар яке манъи филе бувад.
- Чаро бояд аз фил кардан ҳазар,
- Ки ӯ чорпояст чун гову хар.
- ***
- Нубувватро туӣ он нома дар мушт,
- Ки аз таъзим дорад муҳр бар пушт.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.