Ғанӣ Абдулло

(Тағйири масир аз Абдулло Ғанӣ)

Ғанӣ Абдулло (11 марти 1912, гузари Cӯфӣ Розиқи шаҳри Самарқанд — 28 январи 1984, Душанбе) — драматург, шоир, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1962), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1972), узви Иттифоки нависандагони Тоҷикистон (1934).

Ғанӣ Абдулло
Таърихи таваллуд: 11 март 1912(1912-03-11)
Зодгоҳ: Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт: 28 январ 1984(1984-01-28) (71 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: дромнавис
Солҳои эҷод: 1932—1984
Самт: реализми сотсиалистӣ
Жанр: драма
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ордени Дӯстии халқҳо Ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома

вироиш

Соли 1932 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм карда, ба Душанбе омадааст. Корманди илмии Пажӯҳишгоҳи омӯзгории Комиссариати маориф, котиби ИН Тоҷикистон, роҳбари бадеии Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ будааст. Ширкатвари Анҷумани якуми нависандагони шӯравӣ (1934),

Эҷодиёт

вироиш

Оғози фаъолияти эҷодияш ба ибтидои солҳои сиюми асри гузашта рост меояд. Маҷмӯаҳои ашъораш «Ситораҳои сохтмон» (Д., 1932) ва «Бо номи Веддинг» (1933) дар Тошканд ба табъ расидааст. Соли 1935 дар Душанбе маҷмӯаи шеърҳои тоҷикияш «Садо» ва достони «Ду соҳил»-аш ба табъ расидаанд. Ҳамзамон, чанд мақолаи илмияш интишор ёфтаанд, ки «Ҷалол Икромӣ ва эҷодиёти ӯ» (1933) аз он шумул аст. Дар ин муддат чанд мақолаи илмиаш ба табъ расидаанд. Яке аз онҳо «Ҷалол Икромӣ ва эҷодиёти ӯ» (1933). Аз ин баъд ба навиштани асарҳои саҳнавӣ миён бастааст. Муаллифи драмаҳои «Вахш» (1933); варианти дуюмаш «Водии бахт» (1934), «Рустам ва Суҳроб» (бо ҳамқаламии А.Пирмуҳаммадзода, 1935), «Шӯриши Восеъ» (1936), «Пеш аз субҳ» (1949), «Шарафи инсон» (1956), «Суруди кӯҳсор», «Тӯфон» (бо ҳамқаламии Шамсӣ Қиёмов, 1957), «Ҳуррият» (1964), «Мо аз Боми Ҷаҳон» (1965), «Ҷомӣ ва Навоӣ» (1969), «Сарбозони инқилоб» (1971), «Фарёди ишқ» (1975), «Ситораҳои умед» (1975, дар бораи Шириншо Шотемуров), «Шамъи маърифат» (1978, дар бораи С.Айнӣ), «Мурғи саҳар» (1980, дар бораи А.Лоҳутӣ), «Рухшона» (1982). Соли 1972 барои драмаҳои «Ҳуррият» ва «Сарбозони инқилоб» сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ гардидааст. Беҳтарин асарҳояш дар маҷмӯаи «Ҳуррият» (1972) гирд оварда шудаанд. Бисёр асарҳои нависандагони рус ва ҷаҳон, аз ҷумла, пиесаи «Духтари бебисот»-и А.Островский, «Ҷавоне аз шаҳри мо»-и К.Симонов, «Платон Кречет»-и А.Корнейчук, «Арӯси оташ»-и Ҷ.Ҷабборлӣ, «Қурбонӣ»-и Р.Такҳур, «Доми фиреб»-и Т.Драйзер ва диг. ба тоҷики гардонидааст. Бисёр асарҳояш ба забонҳои русию ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва саҳнагузорӣ шудаанд. Асарҳои ҷудогонаи Р.Такур, М.Горкий, Т.Драйзер, А.Островский, К.Симонов, А.Корнейчук ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст[1][2].

Ҷоизаҳо

вироиш

Яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номаш гузошта шудааст.

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 18-19 ISBN 978-99947-2-379-9
  2. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, — с.13-14

Пайвандҳо

вироиш