Абдулмаҷиди Толиқонӣ
Дарвеш Абдулмаҷиди Толиқонӣ (форсӣ: درویش عبدالمجید مهرانی طالقانی; 1737[1], Меҳрон[d] — 1771 ё тақрибан 1772[1], Исфаҳон) — хаттот ва шоири форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд: | 1737[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1771 ё тақрибан 1772[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | хушнавис |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДар ҷавонӣ аз зодгоҳаш Толиқони Қазвин ба Исфаҳон омада, то охири умр дар он ҷо мондааст. Абдулмаҷиди Толиқонӣ илмҳои гуногунро аз бар намуда, хаттотиро низ меомӯзад. Ӯ дар хатти шикаста ва насх дар баробари хушнависи он давра Мир Имод маҳорати хеле баланд дошт.
Ҳидоят дар асари худ «Маҷмаъу-л-фусаҳо» дар бораи Абдулмаҷиди Толиқонӣ навиштааст, ки вай дар либоси дарвешона аз Қазвин ба Ироқи Аҷам сафар намуд. Дар Исфаҳон касби камол кард ва дар хатти шикаста маҳорати комил касб намуд. Баъзе муҳаққиқон ӯро аз хаттотони шинохтаи замон Шафиъо ва Мирзо Ҳасан болотар шумурдаанд. Ба ҳунари хаттотии Абдулмаҷиди Толиқонӣ бисёр устодони баъдина — Муҳаммад, Қосим, Абдулваҳҳоб Мӯътамадуддавла ва дигарон баҳои баланд дода, худро аз шогирдон ва пайравони сабки Абдулмаҷиди Толиқонӣ донистаанд.
Абдулмаҷиди Толиқонӣ «Куллиёт»-и Саъдиро китобат кардааст. Дар шоирӣ ҳам маҳорати баланд дошта, бештар ғазалҳои ошиқона навиштааст. Аввал бо тахаллуси Хомӯш ва баъд бо тахаллуси Маҷид шеър гуфтааст. Абёти девони ӯро 1520 адад ҳисоб кардаанд. Нусхаи хаттии девони ӯ дар Китобхонаи Мадрасаи олии сипаҳсолор мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абдулмаҷиди Толиқонӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Дарвеш Абдулмаҷиди Толиқонӣ / А. Нуров, И. Раҳматуллоев // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Кази Ахмед, Трактат о каллиграфах и художниках, М. — Л., 1947;
- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1, Д., 1988;
- Ашрафӣ М., Миниатюра: От Бехзода до Ризай-и Аббаси, Д., 2011.