Абдулфаттоҳ Шафиев
Абдулфаттоҳ Шафиев (Шафиев Абдулфаттоҳ Абдулҳафизович; 30 сентябри 1981, шаҳри Душанбе) — рӯзноманигор, мутарҷим, муаллим, ва мутахассиси расонаии тоҷик. Барандаи ҷоизаҳои гуногуни донишҷӯӣ дар сатҳи Тоҷикистон ва рӯзноманигорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Сафири сулҳи лоиҳаи Медиотек дар Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон (2018-2019)
Шафиев Абдулфаттоҳ Абдулҳафизович | |
Таърихи таваллуд | 30 сентябр 1981 (43 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Пеша | рӯзноманигор |
Падар | Шафиев Абдулҳафиз |
Модар | Шафиева Сафия |
Ҷоизаҳо |
Лауреати ҷоизаи фонди Даг Ҳаммаршёлд |
Зиндагинома
вироишАбдулфаттоҳ Шафиев 30 сентябри соли 1981 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, дар деҳаи хурде бо номи Зафар дар ҳаволии пойтахти Тоҷикистон ба воя расидааст.
Таҳсилот
вироишЗамони мактабхонияш ба ҷанги шаҳрвандӣ ва рӯзҳои мушкили пасоҷангӣ рост омад, ки ба таҳсилоти ӯ ҳам таъсир дошт. Бо вуҷуди ин, дар мактаб аз талабагони фаъол буд ва ҳамеша мавриди эҳтироми омӯзгорон қарор дошт.
Бакалавриатура ва магистратураро дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон бо дипломҳои аъло хатм кардааст. Мавзӯъи корҳои дипломияш падежҳои забони арабӣ буд.
Моҳи октябри соли 2002 дар як озмуни нависандагӣ миёни донишҷӯён, ки аз ҷониби Бунёди Оғохон гузаронида шуда буд, ғолиб дониста шудааст.
Ҳангоми таҳсил дар магистратура ба тадриси забони арабӣ дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ҷалб шудааст.
Дар муддатҳои гуногун дар давраҳои омӯзишии тобистона дар Донишгоҳи Индиана ва Донишгоҳи давлатии Аризона дарс гуфтааст.
Соли 2012 ба аспирантураи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дохил шуд ва то соли 2014 дар он ҷо таҳсил кард. Мавзӯъи тадқиқоти илмияш буруз ва рушди торнамоҳои хабарӣ дар фазои маҷозии Тоҷикистон мебошад. Ба сабаби идомаи тадқиқот дар хориҷ, рисолаи худро ҳимоя накардааст.
Аз сентябри соли 2014 то сентябри соли 2015 дар Барномаи Осиёи Марказӣ, Мактаби муносибатҳои байнулмилалии ба номи Эллиот, Пажӯҳишгоҳи омӯзиши Аврупо, Русия ва АвруОсиёи Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон дар шаҳри Вашингтон муҳаққиқ буд. Ҳамчун, хатмкардаи ин барнома дар роҳандозии торнамои илмӣ-таҳлилии Central Asian Analytical Network саҳм дошт ва замоне дар он муовини сармуҳаррир буд.
Журналистика
вироишСар аз тобистони 2001 то анҷоми соли 2003 дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон (ҳоло Овози тоҷик) дар шуъбаи арабӣ, аввал коромӯз, сипас, муҳаррир ва баъдан раҳбари шуъбаи арабӣ кор кардааст.
Аз охири соли 2002 то нимаи соли 2010 дар вазифаҳои гуногун дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе кор кардааст. Корро дар ин идора аз хабарнигори мустақили радиоӣ оғоз карда, ҳангоми рафтан аз кор раҳбарии веб-тимро дар шаҳри Душанбе ба дӯш дошт. Дар таҳия ва роҳандозии торнамои Радиои Озодӣ ва гузариши тадриҷии кор дар ин идора аз радио ба веб саҳми муҳим бозидааст. Ба ҳайси хабарнигори ин радио ғолиби озмунҳои ҷаҳонии Федератсияи байнулмилалии журналистон (Мелбурн, 2004), Бонки Осиёии Рушд (Алмати, 2004), Радиои Озодӣ (2005), Бунёди аврупоии омӯзишҳо (Турин, 2006) гардидааст. Дар торнамои ҳамин радио нахустин бор дар Тоҷикистон пахши зиндаи матнии бозиҳои футболиро аз ҷараёни бозиҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Ҷаҳонии 2007 роҳандозӣ кардааст.
Матлабҳояш дар мавзӯъҳои гуногун дар нашрияҳои маҳаллӣ нашр ва бознашр гардидаанд.
Аз аввалин таҳиягарони маводи чандрасонаӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ҳам барои торнамои Радиои Озодӣ ва ҳам торнамои чандрасонаии Ҷадид Онлайн, мақарраш дар шаҳри Лондон, навиштааст. Силсилаи мақолаҳояш доир ба технологияҳои навин дар нашрияи "Миллат" соли 2011 ҷоизаи аввали ширкати мобилии Мегафонро гирифта буд.
Бо забони англисӣ дар торнамои Global Voices Online мақолаҳо навишта ва барои муддатҳои кӯтоҳ муҳарририи бахши Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Афғонистон ва Туркияи ин торнаморо ба дӯш гирифтааст.
Дар соли 2016 нахустин барандаи барномаи махсуси Иттиҳоди журналистони мустақар дар Созмони Милал аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва намояндаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба ҳайси журналист дар Ассамблеяи генералии СММ дар шаҳри Ню-Йорк буд.
Бо чеҳраҳои саршиноси ҷаҳонӣ, ба мисли Дабири кулли вақти СММ Бан ги-Мун, нахустин мусалмонзани барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ, ситораи Болливуд Амирхон ва дигарон мусоҳибаҳои ихтисосӣ кардааст.
Блоггинг
вироишАввалин мақолаи маълум доир ба блоггингро дар Тоҷикистон навишта, баъдан яке аз нахустин шаҳрвандони Тоҷикистон шуда, дар платформаи Блогспот блоги хусусӣ бо номи Шаҳриёристон боз кардааст.
Дар соли 2008 блоги ӯ бо номи Футболи Тоҷикистон зуҳур кард, ки дар муддати кӯтоҳ маъруфияти зиёд касб кард. Он аввалин манбаъи интернетӣ доир ба футбол ва бо забони тоҷикӣ буд. Баъдан, Футболи Тоҷикистон пурра ба гурӯҳи интернетӣ гузашт ва Абдулфаттоҳ Шафиев аз мудирияти он канор рафт.
Бо ибтикори ӯ гуруҳи мутарҷимон тарҷумаи нахустини "Скайп"-ро ба забони тоҷикӣ анҷом додаанд.
Коршиноси расонаӣ
вироишДар лоиҳаҳои гуногуни Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари байнулмилалӣ ва Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси масъули кор бо расонаҳои хабарӣ кор кардааст.
Барои журналистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаҳои гуногун машғулиятҳо гузаронидааст.
Ҷоизаҳо
вироиш- Лауреати ҷоизаи фонди Даг Ҳаммаршёлд Бойгонӣ шудааст 7 Декабри 2020 сол.