Абдулғании Хоразмӣ

Абдулғании Хоразмӣ (асри XVII) дар китоби «Манофеъ ал-Инсон» муҳимтарин масъалаҳои тибби илмӣ ва амалиро баён кардааст.

«Манофеъ ал-Инсон» вироиш

Китоб аз чор қисм иборат буда, дар қисми аввал муаллиф моддаҳои одӣ ва мураккаби дорубоб, дар қисми дуюм маводи мураккаберо баён кардааст, ки зимни муолиҷаи баъзе бемориҳо таъсир мерасонанд қисми сеюм ба баёну тасвири маводи дорубобе бахшида шудааст, ки зимни муолиҷаи чандин беморӣ таъсир мерасонад дар қисми чорум маслиҳатҳо зикр ёфта, ҳикмати табибу олимони машҳур сабт шудааст.

Дар китоби Хоразмӣ «Манофеъ ал-Инсон», қариб ҳамаи бемориҳои замонаш тасвир ёфта, 105 хел беморию усулҳои муолиҷаи онҳо зикр шудааст. Ягон соҳаи тиб нест, ки дар китоб аз хусуси он рухан ронда нашуда бошад. Асар навигариҳои бисёреро дар бар гирифтааст. Тасвири ҳамаи масъалаҳои дар китоб зикршуда муҳол аст. Аз ин рӯ мо фаьат фаслҳои асосии асарро баён мекунем. Дар фасли якум «Акушерӣ ва гинекология» усулҳои ташхис, клиника ва муолиҷаи бачадон ва ғадуди сина тарзҳои исқоли ҳамл, пешгирии ҳомилагӣ, гигиенаи шахсии занон; дар фасли «чарроҳия» аломату нишона, хелу усулҳои ташхису клиника ва муолиҷаи бемориҳои ҷарроҳӣ; дар фасли «терапия» усулҳои муолиҷаи;бемориҳои шуш, меъдаю рӯда, гурда, узвҳои пешоб; дар фасли психоневро-логияи клиникӣ, ташхис ва муолиҷаи маҷзубият ва бемориҳои дигар; дар фасли «Бемориҳои пӯст» клиникаю усулҳои муолиҷаи ин беморӣ; дар фасли бемориҳои- стоматологӣ дарди дандону вора ва муолиҷаи он ба қалам дода, дар фасли бемориҳои офталмологӣ ба клиника ва муолиҷаи ин касалиҳои дар фасли «Бемориҳои сирояткунанда» ; аломату усулҳои ташхис ва муолиҷаи тоун, исҳол, домана, нағзақ, сурхча, эътибори калон дода шудааст. Муаллиф иллатҳои рӯда, сӯхтагӣ, заҳролудшавӣ, сабабҳои ташнагӣ, усулҳои исьоти ҳамл, бемориҳои пирон ва ғаӣраро дар фасли алоҳида баён кардааст.

Манобеъ вироиш

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.