Абдулқоди́ри Қорӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттот ва хушнависи тоҷик (нимаи дуюми садаи XIX – ибтидои садаи XX).

Абдулқодири Қорӣ
Зодгоҳ: Хуҷанд
Навъи фаъолият: хаттот, хушнавис

Зиндагинома

вироиш

Дар маҳаллаи Хишткӯпруки Хуҷанд ба дунё омадааст. Аз оилаи коргар. Дар мадрасаи Муҳаммадалихони Қӯқанд таҳсил намуда, илмҳои замонаашро ба хубӣ аз худ намудааст. Аз улфатон ва дӯстони наздики шоир Муқимӣ буд. Гулчини рубоиёти бо қалами ҷалӣ (ғавс) китобаткардаи Абдулқодири Қорӣ соли 1912 дар Тошканд ба чопи сангӣ расидааст. Баъзе аз намунаҳои осори китобатнамудааш дар Музейи адабиёти Қӯқанд ва дар дасти шахсони алоҳида маҳфузанд.

Адабиёт

вироиш

Сарчашма

вироиш