Абдулқодирхони Хаттак
Абдулқодирхо́ни Хатта́к (1651—1704) — шоири афғон.
пашту: عبدالقدير خان خټک | |
Таърихи таваллуд: | 1651 |
Таърихи даргузашт: | 1704 |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | пушту |
Эҷодиёт
вироишБа забони пушту менавишт. Аз осори Абдулқодирхони Хаттак «Девони ашъор» (3500 байт; Қандаҳор, 1938), «Ҳадиқаи Хаттак», «Насиҳатнома» маъруфанд. Мавзӯи осораш ишқи ирфонӣ, тавсифи ахлоқи ҳамида, ҷавонмардиву далерӣ, мазаммати зулму зӯроварӣ мебошад. «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомиро ба забони пушту тарҷума кардааст. Қиссаи ишқии ҳиндуиасл — «Одамхон ва Дурхонӣ»-ро ба назм даровардааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абдулқодирхони Хаттак // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.