Абдуқодир Шакурӣ

(Тағйири масир аз Абдулқодир Шакурӣ)

Абдуқодир Шакурӣ (Абдуқодир Абдушукуров; 1875, деҳаи Раҷабамин, Самарқанд — 1943, Самарқанд, ҶШС Узбакистон) — омӯзгор, рӯзноманигор, маорифпарвар, таъсискунандаи аввалин мактаби усули нави тоҷикӣ дар Самарқанд.

Абдуқодир Шакурӣ
Таърихи таваллуд: 1875
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1943
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: нависанда

Корнома

вироиш

Солҳои 1901—1917 дар гузари Хоҷазулмурод ва баъд дар деҳаи Раҷабамини Самарқанд ба пайравии мактаби Салодуддин Маҷидӣ (мактаби маҳаллаи Бешқудуқи Хуқанд) мактаби усули нав кушод.

Дар мактаб ҳар сол маҷлиси кушоди имтиҳон ташкил мешуд, ба ғайр аз падару модарони талабагон дар он дигар ҳавасмандон низ иштирок мекарданд. Дар чунин маҷлисҳои имтиҳон Ҳамза Ҳакимзода, Айнӣ ва Мунзим низ иштирок карда буданд. Соли 1923 рӯзномаи «Правда» барои муайян кардани беҳтарин мактабҳо ва таҷрибаноктарин муаллимони РСФСР конкурс эълон карда буд. Дар рӯйхати 27 тан муаллими пешқадам ва таҷрибанокӣ мактабҳои советӣ Шакурӣ низ буд. «Правда» 8 июли соли 1923 натиҷаи конкурсро эълон карда, зимни зикри хидматҳои пешазинқилобии Шакурӣ навишта буд: «Вақте ки Революцияи пролетарӣ, озодкунандаи ғуломон фаро расид, ин тарғибгари мактаби нав тамоми қувваи худро ба интишори ғояҳои революция дар байни омма вақф кард».

Таълифот

вироиш

Яке аз китобҳои дарсии маъруфи ӯ «Раҳнамои савод» ба забони форсӣ мебошад. Ҳамчунин китобҳои дарсии «Ҷомеъу-л-ҳикоёт» (1907) ва «Зубдату-л-ашъор» (1907) таълиф кардааст. Бархе аз китобҳои дарсӣ дар ҳамкорӣ бо Саидаҳмади Васлӣ ва Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ навишта шудаанд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Барои фаъолияти 20-солаи маорифпарварӣ шурои касабаи вилояти Самарканд ба у «Қаҳрамони меҳнати фронти маориф» ном дода буд (1923). Дар Самарқанд ба номи Шакурӣ мактаб ва куча ҳаст.

Адабиёт

вироиш
  • Шакурӣ Абдуқодир / Р. Ҳошим // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).