Абдулҳай Сулаймонов
Абдулҳай Сангинович Сулаймонов (тав. 25.10.1918, ш. Хуҷанд - ваф. 18.04.1987, ш. Душанбе), кимиёшиноси тоҷик, номзади илмҳои химия (1952), муаллими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Абдулҳай Сангинович Сулаймонов | |
Таърихи таваллуд | 25 октябр 1918 |
Зодгоҳ | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 18 апрел 1987 (68 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | химия |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои химия |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Ленинобод ба номи С.М. Киров |
Зиндагинома
вироишСоли 1942 факултети химияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Ленинобод ба номи С.М. Кировро хатм кардааст. Соли 1942 ҳамчун муаллими мактаби миёнаи Рудник Кансай, 1942–1943 ассистенти кафедраи физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Ленинобод кор кардааст. Солҳои 1943–1944 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат карда, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудааст. Соли 1944 бо сабаби ярадор шуданаш аз ҷанг баргаштааст. Солҳои 1944–1948 муаллими кафедраи химияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Ленинобод, 1948–1952 аспиранти Институти химияи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1952–1956 мудири кафедраи химияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Ленинобод, 1956–1962 мудири кафедраи химия, 1962–1972 ректори Донишкадаи полтехникии Тоҷикистон, 1972–1986 дотсенти кафедраи химияи умумии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Дар муддати 14 соли фаъолияти омӯзгориаш ҳамчун муаллими таҷрибадор ва олими шинохта дар донишкадаи омӯзгории пойтах дар тайёр кардани ҳазорҳо нафар мутахассисон барои мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми калон гузоштааст. Муаллифи зиёда аз 10 китобу дастурҳои таълимӣ аст. Оид ба хосиятҳои химиявии пайвастагиҳои комплексӣ корҳои илмӣ анҷом додааст.
Мукофотҳо
вироиш- Бо орденҳои «Байрақи Сурхи меҳнат»,
- «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи якум,
- «Нишони фахрӣ»,
- якчанд медалҳо ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.