Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — ҷоизаи олии ҷумҳуриявист, ки барои комёбиҳои намоён дар соҳаҳои адабиёт, ҳунар ва меъморӣ эҳдо мешавад. Ҷоиза бо Қарори КМ ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон 2 январи соли 1963 таъсис ёфта, иттиҳодияҳои нависандагон, рассомон, оҳангсозон ва меъморони ҷумҳурӣ беҳтарин асарҳоро пешниҳод месозанд ва баъди баррасии ҳамаҷониба Кумитаи мукофот дар назди Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон ғолибонро эълон менамояд. Асарҳои ба Мукофот (ҷоиза) пешниҳодшударо Кумитаи мукофоти (ҷоизаи) Рӯдакӣ назди Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон муҳокима карда қарор мебаровард. Қарори Кумитаи мукофот (ҷоиза) дар бораи додани Мукофот (ҷоиза) арафаи иди Инқилоби Октябр (7 ноябр) дар матбуот ба табъ мерасид. Шахсоне, ки сазовори ҷоиза гаштаанд, соҳиби дипломи махсус, нишони сарисинагии «Барандаи (Лауреати) мукофоти Рӯдакӣ» ва маблағи муайяни пулӣ (2500 сӯми шӯравӣ) мегардиданд[1].

Феҳристи ҷоизадорон[2]

вироиш
Ному насаб Унвон Соли

супурдан

Барои кадом асар
1. Мирзо Турсунзода Шоири халқии Тоҷикистон 1963 достон «Ҷони ширин»
2. Ҷалол Икромӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон 1964 роман «Духтари оташ»
3. Мирсаид Миршакар Нависандаи халқии Тоҷикистон 1964 сценарияи филми бадеии «Бачагони Помир»
4. Аминҷон Шукӯҳӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон 1965 силсилаи сурудҳои лирикӣ
5. Боқӣ Раҳимзода Нависандаи халқии Тоҷикистон 1967 ашъори баргузида
6. Фазлиддин Муҳаммадиев Нависандаи халқии Тоҷикистон 1967 қиссаҳо «Одамони куҳан» ва «Дар он дунё»
7. Раҳим Ҷалил Нависандаи халқии Тоҷикистон 1970 роман «Шӯроб»
8. Ғанӣ Абдулло Нависандаи халқии Тоҷикистон 1972 драммаҳо «Ҳуррият» ва «Сарбозони инқилоб»
9. Фотеҳ Ниёзӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон 1977 роман «Ҳар беша гумон мабар, ки холист»
10. Гулчеҳра Сулаймонӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон 1977 маҷмӯаҳои бачагона «Себи хубон» ва «Чил кокули бозингар»
11. Лоиқ Шералӣ Шоири халқии Тоҷикистон 1978 маҷмӯаҳои шеърҳо «Хоки ватан» ва «Илҳом аз Шоҳнома»
12. Юсуф Акобиров Нависандаи халқии Тоҷикистон 1980 роман «Норак»
13. Муъмин Қаноат Шоири халқии Тоҷикистон 1980 достон «Гаҳвораи Сино»
14. Шарифҷон Ҳусейнзода Доктори илмҳои филология 1982 барои тадқиқоти адабиёти классикии тоҷик
15. Абдумалик Баҳорӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон 1984 қиссаҳо «Гирдоб», «Қаймоқи гирди коса» ва «Сумбула»
16. Сотим Улуғзода Нависандаи халқии Тоҷикистон 1987 роман «Восеъ» ва «Фирдавсӣ»
17. Убайд Раҷаб Нависандаи халқии Тоҷикистон 1987 қиссаҳои бачагона «Як дона марворид» ва «Бӯи замин»
18. Бозор Собир Шоири халқии Тоҷикистон 1988 маҷмӯаи шеър «Бо чамидан, бо чашидан»
19. Ҷумъа Одина Нависандаи халқии Тоҷикистон 1990 роман «Гузашти айём»
20. Абдулҳамид Самадов Нависандаи халқии Тоҷикистон 1990 қиссаҳо барои кӯдакон ва наврасон «Паррончакҳо» ва «Аспи бобом»
21. Кароматулло Мирзоев Нависандаи халқии Тоҷикистон 1992
22. Муҳаммадҷон Шукуров Нависандаи халқии Тоҷикистон 1994
23. Қутбӣ Киром Шоири халқии Тоҷикистон 1994
24. Ашӯр Сафар Шоири халқии Тоҷикистон 1994
25. Гулназар Келдӣ Шоири халқии Тоҷикистон 1994
26. Ӯрун Кӯҳзод Нависандаи халқии Тоҷикистон 1996
27. Сайидалӣ Маъмур Шоири халқии Тоҷикистон 1996
28. Меҳмон Бахтӣ Шоири халқии Тоҷикистон 1998
29. Камол Насрулло Шоири халқии Тоҷикистон 1998
30. Раҳмат Назрӣ Шоири халқии Тоҷикистон 2000 дубайтиҳои «Хирмани моҳ»
31. Ҳақназар Ғоиб Шоири халқии Тоҷикистон 2000 маҷмӯаи ашъори «Сурӯши Хатлон»
32. Сафармуҳаммад Айюбӣ Шоири халқии Тоҷикистон 2002
33. Сайф Раҳимзод Нависандаи халқии Тоҷикистон 2002
34. Сорбон Нависандаи халқии Тоҷикистон 2004
35. Гулрухсор Шоири халқии Тоҷикистон 2006
36. Саттор Турсун Нависандаи халқии Тоҷикистон 2006
37. Низом Қосим Шоири халқии Тоҷикистон 2006
38. Фарзона Шоири халқии Тоҷикистон 2008
39. Муҳаммад Ғоиб Шоири халқии Тоҷикистон 2008
40. Саид Нафисӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон 2008
41. Барот Абдураҳмон Нависандаи халқии Тоҷикистон 2008
42. Соҳиб Табаров Нависандаи халқии Тоҷикистон 2010
43. Доро Наҷот Шоири халқии Тоҷикистон 2010
44. Болдирев А.Н. Нависандаи халқии Тоҷикистон 2010
45. Аҳмадҷони Раҳматзод Шоири халқии Тоҷикистон 2012 китоби ашъори «Номаи сарво»
46. Ҷӯра Ҳошимӣ Шоир 2012
47. Маҳмадраҳим Карим Нависандаи халқии Тоҷикистон 2012
48. Алиасғари Шеърдӯст Доктори илмҳои филология 2012
49. Атахон Сайфуллоев Нависанда 2014 рисолаи «Уфуқҳои тозаи наср»
50. Мирзо Файзалӣ Шоири халқии Тоҷикистон 2014 ашъори «Гулхори чида-чида»
51 Рустам Муқимов Меъмор 2014 «Энсиклопедияи ёдгориҳои фарҳангии ориёии Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон» ба забони русӣ
52. Михаил Синелников Тарҷумон 2014 маҷмӯаи «Рамзҳои оташин» (русӣ)