Абдулҳафиз Азизов ( 2 декабри 1950, деҳ. Сурхи ноҳияи Исфара, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон6 октябри 2020, Тоҷикистон) — омӯзгор, Корманди шоистаи ҶТ (1999), Муаллими соли Тоҷикистон (1992), Аълочии маорифи ҶТ (1984), Аълочии маорифи СССР (1987).

Абдулҳафиз Азизов
Сурат
Таърихи таваллуд 2 декабр 1950(1950-12-02)
Зодгоҳ деҳаи Сурх, ноҳияи Исфара, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 6 октябр 2020(2020-10-06)
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Пеша омӯзгор
Ҷоизаҳо

Аълочии маорифи СССР (1987)

Зиндагинома

вироиш

2 декабри соли 1950 дар деҳаи Сурхи ноҳияи Исфара ба дунё омадаст. Ӯ факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст ва аз соли 1972 то дами марг омӯзгори фанни кимиё буд. Фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби №29 (1972-1991) – и деҳаи Сурх оғоз карда, баъдтар директори гимназияи №6 (1992 – 2020) ва як соли ахир директори муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии "Академия Контакт Интернэшл" буд[1].

Даргузашт

вироиш

Абдулҳафиз Азизов 6 октябри 2020 дар синни 70-солагӣ даргузашт[1].

Ҷоизаҳо ва орденҳо

вироиш

Хидматҳояш бо ордени «Нишони Фахрӣ», ифтихорномаҳои шуъбаи сибирии АИ СССР, Ҷамъияти умумииттифоқии химикон, Вазорати маорифи ҶТ қадр шудаанд.

Ба фаъолияти омӯзгории Азизов телевизиони Тоҷикистон филми махсуси мустанадеро таҳия намудааст.