Абдулмалики II
(Тағйири масир аз Абдумалики II ибни Нӯҳ)
Абдулмалик II Абулфаворис ибни Нӯҳ — охирин ҳокими Мовароуннаҳр, аз хонадони Сомониён.
Таваллуд |
асри X |
---|---|
Даргузашт | асри XI |
Падар | Нӯҳи II ибни Мансур |
Зиндагинома
вироишПас аз суқути салтанати бародараш Мансури II ибни Нӯҳ сардори давлат шуд. 16 майи 999 дар ҷанги назди Марв аз Маҳмуди Ғазнавӣ сахт шикаст хӯрд ва Хуросонро ба ӯ гузошта ба Бухоро баргашт. Тирамоҳи ҳамон сол ба Бухоро Наср ибни Алии Қарохонӣ ҳуҷум кард. Абдулмалик оммаро бар зидди душман бархезонда натавонист. Лашкаркашон, аз ҷумлаи ғуломони турк, ба тарафи душман гузаштанд. 23 октябри 999 Наср ибни Алӣ бе ҷанг ба Бухоро дохил шуд ва Абдулмаликиро бо дигар намояндагони хонадони Сомониён ба Ӯзганд бадарға кард.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бартолд В. В. Абд ал-Мелик // Бартольд В. В. Сочинения. — М.: Наука, 1964. — Т. II, Ч. 2: Работы по отдельным проблемам истории Средней Азии. — С. 485—486.
Сарчашма
вироиш- Абдулмалик II Абулфаворис ибни Нӯҳ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.