Абдумалик Давлатов

Абдумалик Абдулҳақович Давлатов (23.02.1967, деҳаи Тудаи н. Ҳисор) - доктори илмҳои тиб (2014), Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2013).

Абдумалик Давлатов
Абдумалик Абдулҳақович Давлатов
Таърихи таваллуд 23 феврал 1967(1967-02-23) (57 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳисор , ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Ҷоизаҳо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2013)

Зиндагинома

вироиш

Соли 1992 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро ба итмом расонда, ҳамчун духтур-интерни кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби он фаъолияташро оғозонидааст. Солҳои 1993-2003 вазифаи ординаторро иҷро карда, аз 2003 мудирии шуъбаи микроҷарроҳии тармимӣ ва пластики Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии димлу рагҳо ва сандуқи сина ва ҳамзамон ассистентӣ ва муаллимии кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро ба зимма доштааст. Бобати бартараф сохтани осеб ва бемориҳои дасту по тариқи ҷарроҳӣ, ислоҳи нуқсҳои модарзод ва ғайримодарзоди бадан таҳқиқот бурда, ковиши илмиаш мавриди ҷарроҳии оқибатҳои иллати ҳамзамони асабҳоивасатӣ ва оринҷ шоистаи ситоиш аст. Соҳиби беш аз ҳафтод таълифот, чор кашфиёт аст.

  • Организационные аспекты реплантации отчленных сегментов конечностей. Методическое пособие. – Д., 2007;
  • Основы микрохирургии. Методическое пособие. – Д., 2009;
  • Ишемическая контрактура Фолкьмана. – Д., 2009.[1]
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 156.