Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ
Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ (форсӣ: عبدالنبی فخرالزمانی قزوینی[1]; садаи XVI — садаи XVII) — шоир ва адиби форс-тоҷик.
Зодгоҳ: | Қазвин |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишДар зодгоҳаш — Қазвин илмҳои мутадовилаи замонашро омӯхт ва ба шеъру шоирӣ дар синни камолот майлу рағбат пайдо намуд. Дар 19-солагӣ ба Машҳад омад ва аз он ҷо ба Ҳиндустон рафт. Ба шаҳрҳои Лоҳур, Кашмир сафар кардааст. Соли 1619 дар шаҳри Патна ба дарбори Сардорхон Хоҷа Ёдгор роҳ ёфт.
Осори боқимонда
вироишАз Абдуннабӣ то замони мо осори манзуму мансур боқӣ мондааст. Дар навъҳои адабии шеъри адабиёти форс-тоҷик — рубоӣ, ғазал, қаси- да ва ғайра бо тахаллусҳои «Иззатӣ» ва «Набӣ» шеърҳо эҷод кардааст. Яке аз муҳимтарин асарҳои Абдуннабӣ тазкираи «Майхона» мебошад. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо Абдуннабӣ ҳофизаи хубе дошта, қиссаву ривоятҳои бисёри халқиро медонистааст. Ин қиссаву ривоётро ӯ дар китобе бо номи «Наводиру-л-ҳикоёт» (номи дигараш «Баҳру-н-наводир»; таълифаш 1632) ҷамъ овардааст. Ба қалами ӯ асарҳои мансур бо номи «Дастуру-л-фусаҳо», «Тироз-ул-ахбор» низ тааллуқ доранд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ عبدالنبی فخرالزمانی قزوینی. rasekhoon.net. 21 май 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Абдуннабӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Фахруззамонӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).