Абдурасули Ҳофиз
Абдурасули Ҳофиз (Қодирӣ) - сароянда, мутриб-таронасаро, намоянда ва идомадиҳандаи ҳавзаи иҷроии Истаравшан. Мусиқиро аз падараш, устоди мусиқӣ Абдуқодири Ҳофизи Истаравшанӣ (1858-1943) омӯхтааст.
Абдурасул Ҳофиз | |
Таърихи таваллуд | 1919 |
Зодгоҳ | ноҳияи Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон Иттиҳоди Шӯравӣ |
Таърихи даргузашт | 1989 |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Истаравшан |
Пеша(ҳо) | сарояндаи тоҷик |
Зиндагинома
вироишАбдурасули Ҳофиз дар овозхонӣ, сознавозӣ (танбӯр) сабки падараш ва анъанаи иҷроии Истаравшанро идома дода, баъди хатми Инс-ти хореография ва мусиқии Самарқанд (1932), ибтидо сарояндаи театри халѕии шаҳри Истаравшан (1932-1939), сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1940-1945), роҳбари маҳфили драмавии театри ба номи Камол (Хуҷанд, 1945-1949), сарвари дастаи мақомхонони Истаравшан (1949-1959), хонаи маданияти шаҳр хидмат ва ҳунарна-моқ карда, шогирдони зиёдеро (Акбар Пӯлодов, Маҳкам Ғафуров, Саъдулло Азизбоев, Додобой Қодиров ва диг.) тарбия намудааст. Абдурасули Ҳофиз баробари ин ба ашъори шоирони тоҷик таснифоти гуногунмавзӯъ офаридан, дар иҷрои шохаҳои мақомҳо "Муғулчаи Дугоҳ", "Қашқарчаи Муғулчаи Дугоҳ", "Соқиномаи Ироқи Бухоро", "Чапандози Наво", "Нимчӯпонӣ", "Сарахбори Сегоҳ", "Муҳайяр", "Чоргоҳ", "Наврӯзи Сабо", "Савти Сарвиноз" ва ғ. салиқаи баланди иҷроҷ ба харӣ додааст. Абдурасули Ҳофиз иштирокдори Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик (Москва, 1941), Симпозиуми байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд, 1987) ва ғ. буда, барои хид-матҳои арзандааш дар тарғибу рушди мусиқии тоҷик ба Ифтихорномаҳои ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]
Адабиёт
вироиш- Таджикская музыка. - Душанбе, 2003;
- Ҳакимов Н. Шашмқом дар қарни ХХ. - Хуҷанд, 2006.
Ҳамчунин нигаред
вироишСарчашма
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. - Душанбе, 2009. - соли 13 - 14 ISBN 978-99947-49-13-3