Абдураҳим Каҳҳоров

Абдураҳим Қаҳҳоров (Қаҳҳоров Абдураҳим Абдуаҳадович; тав. 10 ноябри 1951, Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатии тоҷик, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон (аз 5 январи 2012), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009—2012), генерал-полковники милитсия (2010). Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Абдураҳим Каҳҳоров
Қаҳҳоров Абдураҳим Абдуаҳадович
парчам
Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон
29 январи 2009 — 5 январи 2012
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Маҳмадназар Солеҳов
Ҷонишин Рамазон Раҳимзода
Таваллуд 10 ноябр 1951(1951-11-10) (73 сол)
Ном ҳангоми таваллуд Абдураҳим
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои ҳуқуқ[d]
Рутба Сипаҳсолор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи факултаи ҳуқуқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1974).

Пас аз хатми донишгоҳ то соли 1979 — ваколатдор, ваколатдори калон, сардори шуъбаи кофтукови ҷиноят дар ВКД-и ҶШС Тоҷикистон.

Солҳои 1979—1981 — дар Академияи ВКД ИҶШС таҳсил мекард, пас аз тамомшавӣ ба вазифаи сардори ШКД ноҳияи Октябр (ҳозира шаҳраки Сомониён). Баъд аз солҳои 1985 то 1987 дар вазифаи ҷонишини сардори РКД-и шаҳри Душанбе.

Дар 1987—1992 — ҷонишин, ва дар солҳои 1992—1993 — ҷонишини якуми вазири корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон. Аз соли 1991 — генерал майори милитсия.

Солҳои 1993—2000 — сардори Академияи ВКД-и Тоҷикистон.

Аз соли 2000 то 2006 сол — ҷонишини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.

Аз 2006 сол — сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд.

Аз январи соли 2009 то январи соли 2012 дар вазифаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5 январи соли 2012 ба вазифаи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Сарчашмаҳо

вироиш