Абдураҳим Ғозиевич Ҳоҷибоев
Абдураҳим Ғозиевич Ҳоҷибоев (02.10.1934, деҳаи Хистеварзи н. Хуҷанд – 2003, Душанбе) — доктори илми иқтисодӣ (1982), профессор (1988).
Абдураҳим Ғозиевич Ҳоҷибоев | |
Таърихи таваллуд | 2 октябр 1934 |
Зодгоҳ | ноҳияи Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 2003 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисодиёт |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, Институти илмӣ-таҳқиқотии зироаткории Тоҷикистон, Академияи кишоварзии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти планкашию иқтисодии Саратов, ИҶШС |
Ҷоизаҳо | медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» |
Зиндагинома
вироишСоли 1957 Институти планкашию иқтисодии Саратовро ба итмом расонда, дар Шӯрои таҳқиқотии қувваҳои истеҳсолкунандаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба сифати ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири шуъба (1957-1977) кор кардааст. Солҳои 1978-1985 мудири шуъба, муовини директори Институти илмӣ-таҳқиқотии зироаткории Тоҷикистон, 1985-1993 директори Институти илмӣ-таҳқиқотии иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти кишоварзии ҷумҳурӣ буд. Аз соли 1994 то поёни умр вазифаи ноиби Президенти Академияи кишоварзии Тоҷикистонро иҷро намудааст. Бобати масоили инкишофу ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолкунанда, демография, иқтисодиёти соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, истифодаи захирсадаҳои меҳнатӣ, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, иҷораи пудратӣ ва ғайра беш аз шаст кори илмӣ нашр намудааст.
Осор
вироиш- Резервы повышения производительности труда в хлопководстве колхозов и совхозов Вахшской долины. – Д., 1966;
- Актуальные проблемы воспроизводства населения и эффективного использования трудовых ресурсов в Таджикской ССР. – Д., 1976;
- Использование трудовых ресурсов в сельском хозяйстве Таджикистана. – Д., 1979;
- Коллективный подряд на селе. – Д., 1985;
- Пути внедрения арендного подряда колхоза «Россия» Ленинского района. – Д., 1989;
- Дехканское хозяйство: вопросы организации и законодательные основы его создание. – Д., 1993 (соавтор);
- Строительство автомобильных дорог в сельском хозяйстве Таджикистана. – Д., 1991 (соавтор).
- == Адабиёт = =
- А.Г. Ходжибаев. – Д., 1996.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.