Абдураҳмон Азимов (таваллуд 10 январи соли 1950, шаҳри Кӯлоб) — арбоби давлатӣ ва низомӣ, генерал-лейтенанти қувваҳои сарҳадӣ (2002).

Абдураҳмон Азимов
Абдураҳмон Азимов
Зодгоҳ шаҳри Кӯлоб
Мансубият  Тоҷикистон
Солҳои хидмат 19721973
Рутба Шаблон:Генерал-лейтенант
Ҷоизаҳо
Шаблон:Ордени «Ситораи Сурх»
Шаблон:Исмоили Сомонӣ

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1972). Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР (1972 – 1973), муаллими садорати кафедраи забон ва адабиёти рус. (1973 – 1974) ва раиси Комитети иттифоқҳои касабаи (1974 – 77) Институти давлатии педагогии Кӯлоб, нозири Комитети Ҳизби коммунистии шаҳри Кӯлоб (1977 – 1982), корманди Комитети бехатарии давлатии Тоҷикистон, ёвари сардори идораи Комитети амнияти миллии (КАМ) Ҷумҳурии Тоҷикистон (1982 – 1992), сардори идораи КАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (1993 – 1996), Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996 – 1999), раиси комитети Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният (2000 – 2002), раиси Комитети ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002 – 05). Солҳои 2005 – 09 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Орденҳо

вироиш
  • «Ситораи Сурх» (1990),
  • Исмоили Сомонӣ (1998) ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Сарчашма

вироиш