Абдураҳмон Муҳаммад Наврӯз
Маҳмадов Абдураҳмон Наврӯзович (25.06.1958, шаҳраки Муъминобод) — олим, доктори илми сиёсатшиносӣ (1993), профессор (1996).
Абдураҳмон Наврӯзович Маҳмадов | |
Таърихи таваллуд | 25 июн 1958 (66 сол) |
Зодгоҳ | Муъминобод, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Фазои илмӣ | сиёсатшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои сиёсатшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, |
Зиндагинома
вироишМаҳмадов Абдураҳмон Наврӯзович факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро соли 1984 хатм намуда, дар ҳамин ҷо чун ассистенти кафедраи коммунизми илмӣ ба фаъолият пардохт.
- Солҳои 1986-1988 — коромӯзи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин,
- 1989-1992 — аспиранти Университети давлатии Белорус,
- 1993-1997 — муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,
- 1997-2001 — муаллими калони Коллеҷи ҳарбии ҷумҳурӣ ва сармутахассиси шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон,
- 2001-2006 — ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон,
- 2007-2011 — декани факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.[1]
- 2015-2019 — директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.[2]
- 2004-2017 — ҳамчунин Президенти Академияи миллии Олимпии Тоҷикистон.
- Ҳоло — ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.[3]
Муҳаммад А. Н. Президенти Академияи миллии Олимпии Тоҷикистон (2004 то 2017), Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба гӯштини «Самбо» ва устоди варзиши «гӯштинигирӣ» мебошад. Таҳти сарпарастии ӯ 3 нафар устодони варзиш оид ба гӯштин тарбия ёфтаанд. Муаллифи китобчаи «Фалсафаи варзиши Ибни Сино» ва дигар дастурҳои илмӣ-методӣ ва варзишӣ низ мебошад.
Дар маҷмуъ, муаллифи зиёда аз 170 мақолаҳои илмию таҳқиқотӣ, 6 монографияи илмӣ, 10 брошура ва 8 китоби дарсӣ мебошад.[4]
Фаъолияти илмӣ
вироишДоманаи таҳқиқоти Муҳаммад А. Н. васеъ аст, бобати асосҳои сиёсатшиносӣ, амнияти миллии Тоҷикистон ва роҳҳои таъмини он, низои сиёсӣ ва ҷомеаи муосир, ахлоқи сиёсӣ ва ҷанбаҳои иҷтимоии он, риторика ё илми суханпардозӣ ва мубоҳисаҳои сиёсӣ ва ғайра беш аз дусад таълифот ба табъ расондааст. Ӯ яке аз асосгузорони мактаби сиёсатшиносии тоҷик аст.
Осор
вироиш- Луғати мухтасари сиёсатшиносӣ. – Кӯлоб., 1992;
- Политология, предмет, структура и задачи курса. – Куляб., 1993;
- Процесс межнационального общения как социално – политического финомина (опыт Таджикистана). – Куляб., 1993;
- Асосҳои сиёсатшиносӣ. Курси лексияҳо. – 1995;
- Социология конфликта. – Куляб., 1995;
- Низои байни тоҷикон ва хусусиятҳои он. – Д., 1997;
- Политические режимы. – Куляб., 1999;
- Политическое поведение: социальние факторы и формы проявления. – Д., 2000;
- Тоҷикистон дар масири истиқлол. – Д., 2000;
- Политическое поведение: социальные факторы и формы проявления. – Д.,2000;
- Стратегияи амнияти миллии Тоҷикистон. – Д., 2000;
- Сиёсат ва равандҳои ҷомеа. – Д.,2001;
- Низои сиёсӣ ва ҷомеаи муосир. – Д., 2003;
- Политические поведения: некоторые аспекты структурного анализа. – Д., 2003;
- «Ҳар кӣ моро ёд кард…». – Д., 2005;
- Фалсафаи варзишии Абӯалӣ ибни Сино. – Д., 2005;
- О политике и государственной деятельности Алии Хамадони. – Д., 2005;
- Хаким Санои и необходимость изучения его философии в новых условиях. – Д., 2006;
- Культура речи Хаджи Хусейна. – Д., 2006;
- Инновация оброзования и проблемы преподования общественных наук. – Д., 2006;
- Ибни Сина: Взгляд на физическое воспитание с точки зрения философии. – Киев., 2005;
- Политическая оппозиция как субъект конфликта. (Опыт социално-политичекого анализа). – Д., 2007;
- Националный интерес Таджикистана. Методическое руководство. – Д., 2009;
- Международный олимпизм на пороге XXІ века. – Д., 2010;
- Суханварӣ ва баҳси сиёсӣ. – Д., 2011 (ҳуруфи форсӣ);
- Муқаддимаи идеяи миллӣ. Китоби дарсӣ. – Д., 2013;
- Назарияҳои сиёсии муосир. – Д., 2014;
- Муошират ҳамчун фаъолияти сиёсӣ (таҷрибаи Тоҷикистон). – Д., 2015;
- Общение как политическая деятельность. – Д., 2015;
- Методикаи таълими риторика. Васоити таълимию методӣ. – Д., 2015 (ҳаммуаллиф);
- Риторика и политическая полемика. – Д., 2015.[5]
Ҷоиза ва мукофот
вироиш- Медали «Хидмати шоиста» (2011).
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба илм ва техника (2018).[6]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз 60-сола шуд. Ӯ кист?(тоҷ.). ifppanrt.tj (2022). 5 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВ(тоҷ.). ifppanrt.tj (2019). 5 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ НОИБОНИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз(тоҷ.). www.anrt.tj. anrt.tj (2022). 5 май 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 феврали 2023.
- ↑ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз 60-сола шуд. Ӯ кист?(тоҷ.). ifppanrt.tj (2022). 5 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 327.
- ↑ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз 60-сола шуд. Ӯ кист?(тоҷ.). ifppanrt.tj (2022). 5 май 2024 санҷида шуд.