Абдурраззоқи Лоҳиҷӣ
Мулло Абдураззоқ Алӣ ибни Ҳусайни Лоҳиҷӣ (форсӣ: ملاعبدالرزاق علی بن حسین لاهیجی), мутахаллис ба Файёз (форсӣ: فیاض; Лоҳеҷон, Устони Гелон — 1662) — шоир ва донишманди форс-тоҷик, намояндаи мактаби фалсафаи Исфаҳон ва ҳикмати мутаолиҳаи Эрон
форсӣ: ملاعبدالرزاق علی بن حسین لاهیجی | |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1662 |
Кишвар |
Зиндагинома
вироишЯке аз шогирдон ва домоди Садруддини Шерозӣ. Абдураззоқ Лоҳиҷӣ улуми замонаашро дар Мароға омӯхт, сипас ба маркази ҳавзаи илмии аҳди Сафавия — Исфаҳон омада, ба омӯзиши улуми ақлию нақлӣ пардохт. Ҳикмати мутаолиҳаро аз Садруддини Шерозӣ омӯхт. Масоили асосии ҳикмати машшоъ ва ишроқро хуб медонист ва муҳаққиқи машҳури илми калом низ шуда буд. Дар шоирӣ низ қувваозмоӣ кардааст. Шеър ҳам менавишт.
Ин абёт аа ӯст:
Вақте ки тарки пиру устод диҳем,
Омӯхтаҳоро ҳама аз ёд диҳем.
Бо ҷоми майи дусола дар майкадаҳо
Номуси ҳазорсола барбод диҳем.
Таълифот
вироишАбдураззоқ Лоҳиҷӣ асарҳои бисёре таълиф намудааст, ки муҳимтаринашон «Шавориқ», «Таълиқот бар шарҳи ишорот» ва «Гавҳари мурод» мебошанд. Шарҳу ҳошияҳои бисёре ба осори пешгузаштагону ҳамасронаш дорад. Яке аз онҳо «Ҳошия бар ҳавошии Урфӣ бар таҷрид» ном дорад. Бино ба маълумоти муҳаққиқон, ашъори Абдурразоқи Лоҳутӣ ба сабки Соиби Табрезӣ шабоҳати зиёд доштааст.
Гавҳари мурод
вироиш«Гавҳари мурод» роҷеъ ба илми калом баҳс мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои асолати моҳият ва вуҷудро шарҳ дода, ба баёни афкори ирфонӣ мепардозад ва таносуби маърифати зоҳирию ботиниро таҳқиқ намуда, навъҳои гуногуни кашфу завқи тасаввуфиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Аз мазмуни ин асар чунин бармеояд, ки Абдураззоқ Лоҳиҷӣ ба ҳикмати ишроқу афкори тасаввуфӣ бештар майл дошта, шеваи онҳоро аз ақоиди аҳли назар (машшоиён) дар дарки ҳақиқат муассиртар медонистааст. Ӯ дар «Гавҳари мурод» дар ин бора менависад: «Одамиро ба Худои таоло ду роҳ аст — яке роҳи зоҳир ва дигаре роҳи ботин. Роҳи ботин роҳест, ки аз он ба Худо тавон расид. Роҳи зоҳир роҳест, ки ба-д-ӯ Худойро тавон донист. Аз донистан роҳ бисёр аст то расидан. Таййи тариқаи ботин суубат дорад, вале роҳи зоҳир, ки роҳи истидлол бошад барои ҳамаи уқало маълум аст».
Таълимот
вироишДар фалсафа Абдураззоқ Лоҳиҷӣ таълимоти устоди худро пайравӣ карда, қоил ба ҳақиқати вуҷуд ва ваҳдати ҳақиқати он будааст. Дар осори фалсафиаш масоили иллату маълул, исботи ташкики (гумон) хоси вуҷуд, шиддату заъф ва ғайраро баррасӣ намудааст. Дар «Шавориқ» роҷеъ ба навъҳои ҳаракат таваққуф намуда, ҳаракати ҷавҳариро инкор кардааст. Дар ин бора ӯ менависад: «Ҳаракат дар мақулаи гавҳар мумкин нест, чун ҷавҳар зоти ҷисм аст ва ҳаракат дар зотиёт ҷоиз набошад». Дар ҳамин асараш Абдураззоқ Лоҳиҷӣ назари машшоиён, ишроқиён, мутакаллимон ва орифонро доир ба мавҷудияти олами барзах, сувари муртасима, нақши қувваи воҳима ва хаёл дар ҷараёни маърифат баён намудааст. Абдураззоқ Лоҳиҷӣ дар солҳои охири фаъолияташ дар мактаби Исфаҳон аз «Шавоҳид-ур-рабубия» ва «Мабдаъ ва маод»-и Мулло Садро ва «Шарҳи ҳикмати ишроқ» ба шогирдон дарс мегуфт. Шогирдони бисёре тарбия намудааст, ки Қозӣ Саиди Қумӣ аз машҳуртарини онҳо мебошад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Абдураззоқ Лоҳиҷӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Файёзи Лоҳиҷӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).