Абдурраҳими Низорӣ
Абдурраҳими Низорӣ — шоир ва хаттоти уйғур.
Номи пурра | Камолиддин Абдурраззоқ ибни Ҷалолиддин Исҳоқи Самарқандӣ |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 1770 |
Зодгоҳ: | Қошғар |
Таърихи даргузашт: | 1848 |
Маҳалли даргузашт: | Турфон |
Навъи фаъолият: | шоир, хаттот |
Забони осор: | Забони уйғурӣ |
Зиндагинома
вироишДар дарбори ҳокими Қошғар Зуҳуриддинбек котибӣ кардааст. Барои мактабу мадрасаҳои уйғурӣ дар асоси асарҳои Ҳофиз ва Навоӣ дастурҳои таълимӣ тартиб додааст: «Хоҷа Ҳофиз», «Навоӣ» (1805). Дар адабиёти уйғур нахустин бор 9 достони машҳури адабиёти классикии форс-тоҷик («Фарҳод ва Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Вомиқ ва Узро», «Чаҳор дарвеш», «Маҳзун ва Гулнисо», «Масъуд ва Дилоро», «Робия ва Саъдин», «Дурр-ун-наҷот», «Малика ва шоҳ»)-ро мураттаб намуда, ба ҳар яке аз достонҳо дебоча навиштааст.
Мероси адабӣ
вироишАбдурраҳими Низорӣ беш аз 20 достон, 80 мухаммас, қасида ва қиссаҳо эҷод кардааст. Абдурраҳими Низорӣ инчунин шеърҳои Бедил, Навоӣ, Хайём, Ҳофиз, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва аз «Ҳазору як шаб» 370 ҳикояро ба забони уйғурӣ тарҷума намудааст. Куллиёти Навоиро китобат кардааст. Нусхаи нодири он дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст (№ 136).
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Абдурраҳими Низорӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.