Абдуррофеъи Ҳиравӣ
Абдуррофеъи Ҳиравӣ (форсӣ: عبدالرافع هروی; ? — қарни XII) — шоир, пизишк ва дастурнависи форс-тоҷики дарбори Хусравмалики Ғазнавӣ ва Муҳаммад ибни Соми Ғурӣ.
Зиёуддин ибни Абулфатҳ | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишШахси таҳсилдида, «дар улуми ақлияву адабия ва тиббу луғат» (Забеҳуллоҳи Сафо) беҳамто будааст. Пас аз касби камол нахуст дар дарбори Ғазнавиён (Хусравмалики Ғазнавӣ, ҳукмронӣ 1159—1187), баъдтар дар даргоҳи Муҳаммад ибни Соми Ғурӣ (вафот 1203) хидмат кардааст.
Осори шоир
вироишАз осораш ғазалҳо, порчаҳои манзум дар тазкираҳо боқӣ мондаанд, ки равону дилкашанд ва гувоҳи табъи баланду сухандонии ӯянд. Рисолаи манзуме бо номи «Ҷалолия» дар тафсири Наврӯз аз таълифоти ӯст.
- Эй дил, биёр мужда, ки ҷонон ҳамерасад
- В-эй дида, ҷой соз, ки меҳмон ҳамерасад.
- В-эй тан, агарчи кори ту аз ғам ба ҷон расид,
- Ҷонро фирист пеш, ки ҷонон ҳамерасад.
- Кори нишоту лаҳв зи сар тоза кун кунун,
- Чун ранҷҳои ҳаҷр ба поён ҳамерасад.
- Айёми дарду меҳнату шиддат ҳама гузашт,
- Ҳангоми рӯҳу роҳату дармон ҳамерасад…
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абдуррофеи Ҳиравӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Забеҳулло Сафо, Таърихи адабиёт дар Эрон, ҷ. 2, Т., 1336 ҳ. ш.