Абдусаломи Муборакпур
Абулҳуда Муҳаммад Абдусалом Ибн-аш Шайхон Муҳаммад Муборакпур (1872—1924) — муҳаддис ва муаррих.
Абдусалом Ал-Муборакпур | |
---|---|
Абулҳуда Муҳаммад Абдусалом Ибн-аш Шайхон Муҳаммад Муборакпур | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муҳаддис, муаррих |
Таърихи таваллуд: | 1872 |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишАз оилаи зиёиёни тақводор. Қуръони карим, ҳадиси набавӣ, тафсир, фиқҳ, таърих, ҳикмат ва илми тибро ба қадри замони худ хеле хуб омӯхтааст. Абдусалом 22 соли ҳаёташро ба омӯзгорӣ бахшид; аз мадрасаи ибтидоӣ сар карда то мадориси олӣ дарс гуфтааст. Дар солҳои охири ҳаёт мударриси Донишгоҳи «Дор-ул-ҳадис-ар-раҳмония» буд.
Осор
вироишДоир ба ислом ва таърих асарҳои бисёре эҷод кардааст. Аз ҷумлаи онҳо «Сират-ул-Имом-ал-Бухорӣ» дар олами ислом хеле машҳур буда, дар он доир ба асарҳои илми ҳадис ва муҳаддисон хеле батафсил ва мукаммал маълумот дода шудааст. Ин асар дар Банорас ду маротиба (1955 ва 1986) ба табъ расидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абдусалом Ал-Муборакпур // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.