Абдусамади Бадахшӣ

Абдусамади Бадахшӣ (форсӣ: عبدالصمد بدخشی‎; ? — 1490, Кӯҳистон) — шоири форс-тоҷик

Абдусамади Бадахшӣ
Зодгоҳ: Куҳисон
Таърихи даргузашт: 1490(1490)
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Абусаид солҳои 50 садаи XV Бадахшонро забт карда, Абдусамади Бадахширо ба Ҳирот овард ва супориш дод, ки таърихи салтанатро дар китобе мураттабу танзим кунад. Дар тазкираҳои «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишери Навоӣ, «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар хусуси ҳунару маҳорати шоирии Абдусамади Бадахшӣ сухан рафтааст. Нисорӣ ашъори ошиқонаи ӯро таърифу тавсиф кардааст. Намунаҳо аз нигоштаҳои Абдусамади Бадахши ба воситаи тазкираҳову баёзҳо то замони мо расидаанд. Ин байт аз ӯст:

Бар сарири дилбарӣ маъшуқро сад гуна ноз,
Ошиқи бечораро дар кӯи ғам рӯи ниёз.

Абдусамади Бадахши бо Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ наздикӣ дошт.

Адабиёт

вироиш
  • Алишери Навоӣ, Маҷолис-ун-нафоис, Тошкент.