Абдусаттор Мирзоев

Абдусаттор Мирзоев (19.05.1932, деҳаи Хамчашмаи ноҳияи Балҷувон – 01.03.2009, Душанбе) — доктори илмҳои филологӣ (2002), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001).

Абдусаттор Мирзоев
Абдусаттор Мирзоев
Таърихи таваллуд 19 май 1932(1932-05-19)
Зодгоҳ Балҷувон , ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 1 март 2009(2009-03-01) (76 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001)

Зиндагинома

вироиш

Абдусаттор Мирзоев соли 1957 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм намуда, дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон фаъолияташро шурўъ намуда, то охири умр дар ин боргоҳи илм заҳмат кашид. Вазифаҳои лаборанти калон, ходими илмӣ, ходими пешбари илмӣ, мудири шуъбаи забони адабиро адо намудааст. Ҳамзамон солиён дар кафедраи забони тоҷикии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дарс додааст. Таҳқиқоташ дар се бахши забоншиносии тоҷик-иборашиносӣ, грамматика ва имло сурат гирифтааст. Бо иштироки фаъолонааш китобҳои «Қоидаҳои асосии имлои забони тоҷикӣ» (1972), «Имлои забони тоҷикӣ» омода шуда, дар таълифи китобҳои «Забони адабии ҳозираи тоҷик» (1982), «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» (се ҷилд, 1985, 1986, 1989) ва ғайра ширкат варзидааст. Дар ҳаммуаллифӣ «Луғати имло» (1991) ва китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои синфи 6) омода кардааст.

  • Ибораҳои феълии замонӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик. – Д., 1972;
  • Масъалаҳои ибора дар забони тоҷикӣ. – Д., 2002. ва диг.[1]

Пайвандҳо

вироиш
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 341-342.