Абдуқаҳҳор Абдуғаффоров

Абдуқаҳҳор Абдуғаффоров (тав. 15 феврали 1953, Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1995), профессор (2000).

Абдуқаҳҳор Абдуғаффоров
Таърихи таваллуд 15 феврал 1953(1953-02-15) (71 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1986-1991), Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1996-1998), Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (аз 2006)
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1975)
Ҷоизаҳо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илму техника барои олимони ҷавон (2006), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Универиситети давлатии Тоҷикистон (1975). Ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии ҳамин донишгоҳ (1975 — 76), аспиранти Донишгоҳи давлатии Маскав (1977 — 80), муаллими калон, дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсии Универиситети давлатии Тоҷикистон (1981 — 91), дотсент, муовини декани факултети иқтисодиёт (1992 — 96), мудири кафедраи «Менеҷмент ва соҳибкорӣ»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1996 — 98). Аз соли 1988 директори шуъбаи дар Хуҷанд будаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Абдуқаҳҳор Абдуғаффоров оид ба масъалаҳои назариявии ташаккули тамсилаи иқтисоди бозорӣ дар Тоҷикистон, маҳсуриятҳои иқтисодӣ ва мустақилии муассисаҳо дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ, давраҳои гузариш ва масоили рушди замони иқтисоди бозорӣ, рушди муносибатҳои бозоргонӣ ва пойдоршавии системаи андоз ва андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра зиёда аз 90 асару мақолаҳои илмӣ ба табъ расонидааст.

  • Экономическая обособленность и самостоятельность предприятий в условиях перехода к рыночной экономике. — Худжанд: Гос. изд-во имени Рахима Джалила, 1993;
  • Собственность, предпринимательство и пути перехода экономики Республики Таджикистан к рыночному хозяйству. — Худжанд: Гос. изд-во имени Рахима Джалила, 1997;
  • Организация управления производством. — Худжанд: Гос. изд-во имени Рахима Джалила, 1998;
  • Принятие управленческих решений. — Худжанд: Гос. изд-во имени Рахима Джалила, 1998;
  • Формы и методы программного изучения основ экономической теории. — Худжанд: Гос. изд-во имени Рахима Джалила, 1998;
  • Становление рыночной экономики РТ: первоначальное накопление капитала, этапы развития и пути перехода к рынку. — Худжанд, 1999;
  • Теоретические проблемы формирования модели рыночной экономики РТ. — Худжанд: Гос. изд-во имени Рахима Джалила, 2006.[1]

Сарчашма

вироиш