Абдуқаҳҳор (дарёча)

Абдуқаҳҳо́р — дарёчаи кӯҳӣ, яке аз шохобҳои чапи дарёи Ванҷ дар Помири Ғарбӣ. Аз пиряхи Абдуқаҳҳор ибтидо гирифта, дар Хирсдара ҷорӣ мешавад. Дарозиаш 13 км. Давраи серобиаш июлавгуст, камобиаш октябр – март. Манбааш пирях ва барф. Ҳар сари чанд вақт (1937, 1951, 1963, 1973) дар натиҷаи ба пеш хазидани пиряхи Хирсон ва банд шудани маҷрои Абдуқаҳҳор дар паси пирях кӯли калони мавсимӣ пайдо мешавад.

Абдуқаҳҳор (дарёча)
Мушаххасот
Тӯл 13 км
Ҷараёни об
Резишгоҳ Дарёи Ванҷ
  Координатаҳо
Мавқеъ
Кишвар Тоҷикистон
Минтақа Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Ноҳия Помири Ғарбӣ

Оби ин кӯл гоҳе аз болои пирях ва гоҳи дигар зери онро рахна карда ҷорӣ мешавад ва дар ин ҳол сарфи об дар як сония то ба 2000 м3 мерасад. Дар чунин маврид маҷро соҳилҳоро хароб мегардонад. Баъд оҳиста-оҳиста маҷрои дарё ба ҳолати аввалааш бармегардад. Ҳангоми ҳаракати пирях солҳои 1963, 1973 андозаи кӯл мутаносибан чунин буд: ҳаҷмаш – 9,7 ва 17,4 млн м3, дарозиаш – 1250 ва 1500 м, ҷойи чуқуртаринаш – 82 – 105 м.

Сарчашма

вироиш