Абдуқодир Вализода
Абдуқодир Вализода (тав. 3 марти соли 1964, ноҳияи Ховалинг) — раиси шаҳри Кӯлоб.
Зиндагинома
вироишВализода 3 марти соли 1964 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, аз моҳи феврали 2018 то июни 2020 раиси шаҳри Турсунзода буд. Ӯ солҳои 2006-2010, муовини раиси шаҳри Қурғонтеппа, солҳои 2010-2013 раиси ноҳияи Ховалинг, солҳои 2013-2018 раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, аз феврали соли 2018 раиси шаҳри Турсунзода буда, тоза ба мақоми раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Тибқи ҳолномаи расмӣ, Вализода соли 1983 Техникуми политехникии шаҳри Душанбе ва соли 1996 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм карда, ихтисосаш муҳандиси хоҷагии қишлоқ, иқтисодчӣ мебошад. Солҳои 1995-2000 корманди Комбинати орди ноҳияи Колхозобод ва солҳои 2000-2002 муовини аввали директори генералии иттиҳодияи "Ғалла"-и вилояти Хатлон буд. Вализода 8 июни 2020 дар мақоми раиси Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро иваз намуд.