Баҳром Иноятзода
Баҳром Иноятзода (1 декабри 1960, Кӯлоб) — меъмор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иноятзода Баҳром | |
Таърихи таваллуд: | 1 декабр 1960 (64 сол) |
Зодгоҳ: | Кӯлоб , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Донишгоҳи техникии Тоҷикистон |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишБаҳром Иноятзода 1 декабри соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1983 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (он замон Институти политехникии Тоҷикистон)-ро рӯзона хатм кардааст. Ихтисос: архитектураи биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истарвшан.
- Солҳои 1983—1985 — инспектори инспексияи давлатии сохтмони шуъбаи сохтмон ва меъмории Комиҷроияи вилояти Хатлон;
- Солҳои 1985—1988 — мудири сектори инспексияи давлатии сохтмони шуъбаи сохтмон ва меъмории Комиҷроияи вилояти Кӯлоб;
- Солҳои 1988—1990 — сардори бюрои лоиҳакашии байниноҳиявии шуъбаи сохтмон ва меъмории Комиҷроияи вилояти Хатлон;
- Солҳои 1990—1993 — сардори бюрои лоиҳакашии худтаъминкунии шуъбаи меъмории шаҳри Кӯлоб;
- Солҳои 1993—2003 — Сармеъмори шаҳри Кӯлоб;
- 01-10 соли 2004 — сардори гурӯҳи назоратии инспексияи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон;
- Солҳои 2004—2005 — муҳандиси сохтмони марказии ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншоотҳои инфраструктураи иҷтимоӣ;
- Солҳои 2005—2007 — сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе;
- Солҳои 2007—2008 — директории ҶДММ «Архиком-к» дар шаҳри Душанбе;
- Солҳои 2008—2014 — сардори Раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Солҳои 2014—2017 — муовини раиси вилояти Хатлон;
- 03-12 соли 2017 — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан;
- Аз 12 июли соли 2017 то майи 2019 раиси шаҳри Истаравшан мебошад.
- Аз 27 июли соли 2018, № 21 — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст[1].
- Аз 6 майи 2019 то июни соли 2020 — раиси шаҳри Кӯлоб.
- Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб рӯзи 20 ноябр ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.
Ҷойизаҳо
вироишБо Медали Хидмати шоиста аз соли 2012, сарфароз гардидааст.
Сарчашма
вироиш- ↑ Иноятзода Баҳром(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.