Абдуҳалим Назарзода

Назарзода Абдуҳалим Мирзо (маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим; 1 январи 1964, ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон — 16 сентябри 2015, дараи Ромит, ноҳияи Ваҳдат, Тоҷикистон) — генерал-майори Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (20142015). Соли 2015 як шӯриши мусаллаҳ сохта, дар он кушта мешавад.

Назарзода Абдуҳалим Мирзо
Лақаб Ҳоҷӣ Ҳалим
Зодрӯз 1 январ 1964(1964-01-01)
Зодгоҳ ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 16 сентябр 2015(2015-09-16)
Мансубият  Тоҷикистон
Намуди лашкар хушкигард
Рутба генерал-майор
Қисм генерал-майор
Фармондеҳ муовини вазири мудофиа
Набард/ҷангҳо Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон
Истеъфо шуришгар, сипас кушта

Зиндагинома

вироиш

Абдуҳалим Назарзода соли 1964 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар хонаводаи коргар ба дунё омада, дар кӯчаи Қаротегин дар як канори шарқии шаҳри Душанбе ба воя расидааст. Дар давраи Шӯравӣ Абдуҳалим Назарзода ду сол дар корхонаи нассоҷӣ ва баъди адои хидмати ҳарбӣ ду соли дигар дар «Курортстрой» кор карда, аз соли 1986 мудири анбори «Межоблагропром» будааст.

Маълумот

вироиш

Хатмкардаи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,1988) ва шунавандаи Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия (2005).

Ҷанги шаҳрвандӣ

вироиш

Исми Абдуҳалим Назарзода бори аввал дар баҳори соли 1992, вақте матраҳ шуд, ки дар баробари ду майдони Шаҳидону Озодӣ гурӯҳе аз ҷавонон дар майдони назди ҳайкали Садриддин Айнӣ дар маҳаллаи «Садбарг»-и пойтахт «митинги ҷавонони Душанбе»-ро ба роҳ андохтанд. Маҳз пайвастани аҳли ин гирдиҳамоӣ ба майдони Шаҳидон дар моҳи майи соли 1992 таносуби нирӯҳоро ба нафъи майдони Шаҳидон гардонд.

Баъди пирӯзии майдони Шаҳидон Абдуҳалим Назарзода дар қатори онҳое, ки дар пирӯзии аҳли ин майдон саҳм доштанд, сафари Ҳаҷ кард ва аз он ба баъд бо номи «Ҳоҷӣ Ҳалим» маъруф шуд.

Мансабҳои низомӣ

вироиш

Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС (1983-85). Фармондеҳи баталион (1998—2003), сардори шуъбаи фаврии Раёсати Қӯшунҳои хушкигард (2003-05), муовини аввали Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005-13). Аз соли 2014 сардори Раёсати хадамоти қӯшун ва бехатарии хидмати ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷоизаҳо ва орденҳо

вироиш

Бо ордени «Спитамен» ва медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардидааст.

Ҳаводиси соли 2015

вироиш

Ҳаводиси рӯзи 4 сентябр ба ҳамаи ин равнақи ҳам тиҷорату ҳам карйераи ин генерали 51-сола нуқта гузошт. Дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъ дар Душанбе Вазорати корҳои дохилӣ масъулияти раҳбарии ин ҳамлаҳоро ба дӯши Ҳоҷӣ Ҳалим бор кард ва гуфт, ӯ бо ҷамъе аз силоҳбадастони дигар ба дараи Ромит фирор кардааст. Худи ҳамон рӯз бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Абдуҳалим Назарзода бо тавҷеҳи нодири «бинобар содир кардани ҷиноят» аз мақоми муовини вазири дифоъ барканор карда шуд.

11-уми сентябри соли 2015 дар ВАО пайёме дар хусуси нест кардани роҳбари шуришгар пайдо шуд, ва тавре ки баъдан ошкор шуд воқеан баъдан 16 сентябри соли 2015 Абдуҳалим Назарзода дар маҳалли баландкӯҳе кушта шуд.

Пайвандҳо

вироиш