Гундсолор
Гундсолор (форсӣ: گندسالار) — дараҷае солорӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз лашкарсолор ва болотар аз сарҳанг мебошад; генерал-майор[1].
Дараҷаи поинтар: Сарҳанг |
![]() Гундсолор |
Дараҷаи болотар: Лашкарсолор |
Гундсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳии гундро дорад, ки ягоне тактикӣ дар шохаву зершохаҳои нерӯҳои мусаллаҳ аст, ки маъмулан хурдтар аз лашкар будаву аз ду ҳанг ё чанд гурдон ташкил ёфта ва ягонҳои хурдтаре барои бароварда сохтани ниёз ба он ҳамроҳ мешаванд; тип[2]; бригада[3].
ВожашиносӣВироиш
«Гундсолор» яке аз куҳантарин истилоҳотии низомист ва аз ду вожа сохта шудааст: гунд (форсӣ: گند > порсии миёна: gund > паҳлавӣ: gund ‘лашкар; гурӯҳ, даста’[4] > эҳтимолан аз эронии бостон: *vr̥nda- ‘сипоҳ; гунд’[5]) + солор (форсӣ: سالار < порсии миёна: sālār < порсии бостон: *sar(a)-dāra- > эронии бостон: *sara-dāra- < паҳлавӣ: sarδār; балхӣ: σαλαρο, σαρλαρο; тухории B: salār)[6]. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (гунд) + исм (солор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[7][8].
ПешинаВироиш
Гундсолор ҳамчун симати низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву «беварабад» (порсии бостон: *baivarapati-) номида мешудаву фармондеҳи «бевара» (порсии бостон: *baivara-) будааст[9]. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.
Дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[10], бевара «гунд» (паҳлавӣ: gund) ном гирифта ва фармондеҳи он «гунд-солор» (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд[11].
Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз 5 дирафш (порсии миёна: «drafš») ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбозро дар бар мегирифт[12]. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд[13].
Дар паи шикасти шоҳаншоҳии Сосониён аз мусулмонон ва густариши ислом дар Эронзамин, арабҳо бархе аз истилоҳоти низомии эрониро вом гирифтанд. Чунончи, ар. «عسکر» [аскар] аз порсии миёна: laškar, ар. «جند» [ҷунд] аз порсии миёна: gund ва ар. «فیج» [файҷ] аз порсии миёна: payg (пиёда) вом гирифта шудаанд[14]. Истилоҳи «гунд» аз забонҳои эронии миёна (паҳлавӣ ва порсии миёна) дар забонҳои арманӣ («gund»), гурҷӣ («gund-i»), мандоӣ («gundā»), сурёнӣ («guddā» < «gdd-»), ибрӣ («g’ḏud») низ вом гирифта шудааст[15]. Ин истилоҳ ҳамчунин аз забони форсии дарӣ ба забони туркӣ вом гирифта шуда ва истилоҳи форсӣ-туркии «جنباشی» [ҷунбошӣ]-ро ташкил дода, ки дар замони ҳукумати Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкаре аз чанд ҳазор сарбозро меномиданд[16]. Дар садаҳои миёна фармондеҳи 5 ҳазор сарбозро «панҷҳазорӣ» (форсӣ: پنجهزاری) низ мегуфтанд[17].
Истилоҳи «гунд» дар нахустин садаҳои исломӣ бо истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar) ҷойгузин шуда, ки пеш аз ислом ҳам ба кор мерафтааст. Ин истилоҳ дар забони паштуӣ: «غونډ» [ғунд] гашта ва ҳанг дар Нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон чунин номида мешавад[18].
Бо таваҷҷуҳ ба ин пешинаву корбурд, истилоҳоти «гунд» ва «гундсолор» барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «бригада» (аз фаронсавӣ: brigade > итолиёвӣ: brigata — даста) ва дараҷаи низомии «генерал-майор» (аз олмонӣ: Generalmajor) ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[19].
ПайвандҳоВироиш
ЭзоҳВироиш
- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
- ↑ Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 90
- ↑ Коллектив авторов. Том 1, статья «Бригада» // Военная энциклопедия / Под ред. П. С. Грачёв. — М.: Воениздат, 1997. — С. 576—581. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01655-0.
- ↑ MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2447.
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6. ҷ. 3, с. 1648.
- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 259
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. ҷ. 2, с. 259.
- ↑ J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 19 n. 84
- ↑ Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
- ↑ Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
- ↑ Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
- ↑ Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 47
- ↑ Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
- ↑ Encyclopædia Iranica, Vol. X, Fasc. 5, pp. 486-490. GEORGIA v. LINGUISTIC CONTACTS WITH IRANIAN LANGUAGES
- ↑ Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 68.
- ↑ Лебедев К.А., Яцевич Л.С., Конаровский М.А. Русско-пушту-дари словарь. — Москва: Русский язык, 1989. — С. 508. — 768 с. — ISBN 5-200-00700-3.
- ↑ Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной