Абдуҳамид Ҷалилов
Абдуҳамид Ҷалилов — муаррих, доктори илмҳои таърих (2002), профессор (2009
Абдуҳамид Ҷалилов | |
Таърихи таваллуд | 25 май 1926 |
Зодгоҳ | ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 2016 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров |
Зиндагинома
вироишАбдуҳамид Ҷалилов 25 майи соли 1926 дар деҳаи таърихии Маҳрами ноҳияи Конибодоми вилояти Суғди бостонӣ чашм ба дунё кушод. Таҳсил дар мактаби миёна, омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (солҳои 1941-1948) дар давраҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва замони баъдиҷангӣ сурат гирифт, аммо ин ҳамаро А.Ҷалилов бо сари баланд гузашта, Донишгоҳро соли 1948-ум бо баҳои аъло хатм намуданд. Соли 1948 пас аз хатми Донишкадаи Хуҷанд бо тавсияи М. Осимӣ - ҷониши директори Донишкада, А.Ҷалилов ба аспирантураи Институти таърих ва маданияти моддии Ленинград фиристода шуд ва роҳбари илмиаш маҳз А.Ю.Якубовский таъйин шуд. Мавриди зикр аст, ки ин олими тавоно худ яке аз шогирдони бузурги академики машҳури рус В.В.Бартолд маҳсуб меёфт. Ҳамзамон дар шаҳри таърихии Ленинград (Санкт-Петербурги муосир) олимони варзидаи ҷаҳон аз қабили И.Ю. Крачковский, И.А. Орбели, В.В. Струве, А.П. Окладников, Б.Б. Пиотровский, Е.Н. Павловский, К.В. Тревер, А.М. Манделштам, А.М. Беленитский, В.А. Массон ва дигарон фаъолият доштанд, ки ҳар кадоме аз таъриху маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон ба хубӣ хабардор буда, бе муболиға бунёдгузорони илми таърихи тоҷикон ва дигар халқу миллатҳои Осиёи Миёна ба шумор рафта, тадқиқҳои пурарзишро ба анҷом расониданд. Маҳз ана дар ҳамин муҳити созгор, дар ҳалқаи устодони сахтгир А.Ҷалилови ҷавон маҳорати касбӣ ва малакаи кордониашро сайқал дод ва худро мукаммал намуд. Бо тавсияи устодаш А. Ю. Якубовский дар солҳои 1949-1952 ӯ низ дар тадқиқотҳои бостоншиносии Панҷакенти қадим, дар корҳои саҳроӣ ширкат намуда, аз нозукиҳои илми бостоншиносӣ бохабар шуд ва дар кушодани чанд саҳифаи таърихи гузашта аз он айём шурӯъ намуд. Маълумотҳои андӯхтааш минбаъд дар навиштани мақола ва дигар корҳои илмӣ мададгор шуд. Ҳамчунин ин манотиқи кӯҳани диёр ӯро водор кард, ки масъаларо васеътар гирифта, аввал ба омӯзиши вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ - сиёсии Суғд ва сипас вилояи таърихии Тахористон рӯ оварад. 7 июни соли 1954 рисолаи номзадии худро таҳти унвони «Согд накануне арабского нашествия и борьба согдийцев против арабов в первой половине VІІІ века» дар Институти таърихи маданияти моддии АУ СССР, дар шаҳри Маскав бомуваффақият ҳимоя карда, сазовори унвони номзади илмҳои таърих гашт. Дар сатҳи илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳимояи чунин рисолаҳо бори нахуст сурат мегирифт ва гувоҳӣ аз он медод, ки шахсе вориди илм шуда, ки метавонад минбаъд низ корро босубот идома диҳад ва умедбахш аст. Зеро ӯ маводи зиёди бостоншиносию маъхазҳои хаттии чинӣ, арманӣ, арабӣ, византиягӣ, форсӣ ва адабиёти лозимиро азбар намуда, паҳлӯҳои асосии ҳаёти Суғдро ҳаллу фасл карда, роҳу равиши худро пайдо намуд. Сипас монографияаш чоп шуда, ба зудӣ таваҷҷуҳи муҳаққиқон: Б.Ғ. Ғафуров, Р.Н. Фрай, А. М. Беленитский, И. Б. Бентович, О.Г. Болшаков, Т. Қодирова ва дигаронро ҷалб намуд ва мавриди истифодаи васеъ қарор гирифт. 22 майи соли 1975 устод рисолаи доктории хешро дар мавзӯъи: «Согд и Тохаристан в эпоху возникновения и утверждения феодальных отношений» ҳимоя намуд. Бешак он айём устод шаҳбозеро дар осмони фарохи илм мемонд, ки парвози баланд дошт ва метавонист сухани гуфтаашро дар асоси садҳо сарчашмаҳо баён кунаду асару китобҳояш шаҳодати корҳои пурмаҳсули ӯ гарданд. Қариб 300 пажуҳиши илмӣ, илмӣ-оммавӣ, дастурҳои методӣ, васоити таълимӣ, мақолаю маърӯзаҳо бо қалами сеҳрофари ӯ иншо шудаанд. Агарчӣ миёни олимон бештар бо номи «Суғдшинос» маъруф аст, аммо доираи фаъолияташ басо васеъ аст, ки он тарафҳои мухталифи таърихи кишварҳои Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон, мамолики Араб, Ҳиндустону Чин ва соири мамлакатҳоро дар бар гирифта, масоили гуногунҷабҳаро бозкушоӣ менамояд ва дар садҳо нишасту конфронс, симпозиумҳои дохили кишвар ва хориҷ аз он ширкат ва суханронӣ намуданд
Манобеъ
вироиш- Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. - Душанбе,2008.-187с;
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |