Абдуҷалил Воситзода
Абдуҷалил Воситзода (20 феврали 1929, Хуҷанд — 29 июли 2005, ҳамон ҷо) — шоири тоҷик. Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон (1976).
Таърихи таваллуд: | 20 феврал 1929 |
---|---|
Зодгоҳ: | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт: | 29 июл 200 |
Маҳалли даргузашт: | Хуҷанд, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир, рӯзноманигор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултаи забон ва адабиёти Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи Киров (ҳозира ДДХ; 1949). Пас аз хатми таҳсил дар мактаби миёна (1949-52), омӯзишгоҳи варзишӣ ва омӯзгории шаҳри Орҷоникидзеобод (ҳозира шаҳри Ваҳдат; 1952-56), г. «Ҳақиқати Ленинобод» (1956-58), шуъбаи газетаи байниноҳиявии «Бо роҳи ленинӣ» (1958-63), шуъбаи ленинободии ИН Тоҷикистон (1964-66), г. «Комсомоли Тоҷикистон» (1966 — 69), г. «Тоҷикистони советӣ» (1969-81), нашриёти «Ирфон» (директор, 1981-87), шуъбаи адабиёти оригиналӣ-бадеӣ (барои синни миёна ва калонсолон)-и нашриёти «Адиб» (1987-89) кор кардааст. Аз соли 1989 то охири умр бознишаста ва машғули кори эҷодӣ буд.
Эҷод
вироишНахустин шеърҳои Абдуҷалил Воситзода охири солҳои 40 садаи XX дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустинаш — «Шеърҳо дар васфи табиат» (1955). Абдуҷалил Воситзода шоири тозаназару ҷӯянда буд. Мавзӯи асосии ашъори ӯ инсондӯстӣ, сулҳ, истиқлол, худшиносии миллӣ, васфи манзараҳои зебои табиат ва ғ. мебошад. Абдуҷалил Воситзода шеърҳои шоирони шӯравӣ М. СветлоАбдуҷалил Воситзода М. Бажан. М. Рилский, Абдуҷалил Воситзода Кочетков, М. Терешенко, Г. Ломидзе, Н. Бараташвили, И. ҶонсуғуроАбдуҷалил Воситзода И. Мамбетов, Собир Абдулло, Зулфия, Исмоил Султон, Ваҳан Терен, осори адибони араб ва турк, осори насрии нависандагони ҳинд Прем Чанд, Кришан Чанд, Хоҷа Аҳмади Аббос, Судро ва дигаронро низ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Аз фаъолияти меҳнатӣ ва корномаҳои Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ Саъба Усмонова ва зотпарвари с-зи хоҷагии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор Нурмат Сафаров, кӯҳкан, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Тоҷиддин Имомалиев, Қаҳрамони Тоҷикистон Б. Ғафуров очеркҳои бадеӣ навиштааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Абдуҷалил Воситзода И. Ленин», Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1957.
Осор
вироиш- Ҷавоби Савсан. Д., 1959;
- Дилоро. Д., 1964;
- Дар соҳили Сир. Д., 1968;
- Оинаи дил. Д., 1979;
- Гуфтор бо дил. Д., 1984;
- Маснади иқбол. Д., 1987;
- Баҳори Аҷам. Хуҷанд, 2001;
- Дидор. Х., 2004;
- Ёди айёми шубоб. Х., 2004.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Воситзода Абдуҷалил // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.