Аболитсионизм – 1. Кӯшиши омма дар роҳи бекор кардани ягон қонун; 2. Ҳаракати аз ғуломӣ озод кардани зангиҳо дар ИМА (асрҳои XVIII-XIX).

Аболитсионизм зиёиён, буржуазияи майда, фермерҳо ва коргаронро муттаҳид карда, дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА (1861-1865) барои барҳам додани ғуломӣ нақши муҳим бозидааст.[1] Аболитсионистон гуфта шахсони аврупоинажод (сафедпӯст)-ро меноманд, ки зидди ғуломдории зангиёни африкоӣ мубориза мебурданд.

Шахсиятҳои мубориз зидди ғуломдорӣ вироиш

Солҳои 1807—1808 гг. овардану фурӯхтани ғуломон зангиёни африкоӣ дар мустамликаҳои англис ва ИМА манъ карда шуд. Соли 1833 пурра ғуломдорӣ дар Британияи Кабир барҳам дода шуд, аз ҷумла дар мустамликаҳои бритониё дар Ҳинудстони Ғарбӣ (русӣ:Вест-Индия). Дар ИМА соли 1865 (дар асоси тағйироти 13 дар Конститутсияи ИМА), дар Бразилия соли 1888 ва Имперотурии Усмонӣ — соли 1897 (де-факто соли 1923), Чин — соли 1910 ғуломдорӣ барҳам дода шудааст.[2]. Шахсиятҳои маъруфи ҳаракати зидди ғуломдорӣ Авраам Линколн, Уилям Ллойд Гаррисон, Фредерик Дугласс, Гарриет Табмен, Ҷон Браун, Вендел Филлипс, Гарриет Бичер Стоу, Ҷонс Хопкинс, Ҷон Рокфеллер ва диг. буданд.

Эзоҳ вироиш

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 7. ISBN 978-999-47-43-37-7
  2. Отмена рабства в Китае

Пайвандҳо вироиш