Абони Лоҳиқӣ
Абон ибни Абдулҳамиди Лоҳиқӣ (ар. ﺍﺑﺎﻥ ﺍﺑﻦ ﻋﺒﺪﺍﻟﺤﻤﻴﺪ اللاﺣﻛﻲ;; 750-ум, Басра[1] — 815[1]) — шоир, тарҷумон ва адиби арабизабони эронитабор. Ӯ аз намояндагони шуъубия ва ситояндаи Бармакиён буд.
ар. أبان بن عبد الحميد بن لاحق بن عفير الرقاشي[1][2] | |
Таърихи таваллуд: | 750-ум |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 815[1] |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда, тарҷумон, адиб |
Забони осор: | арабӣ ва форсӣ |
Зиндагинома
вироишДавраи ҷавонӣ ва таҳсилоташ дар Басра гузаштааст. Баъдан ба Бағдод рафт ва ба маҳфили адабии вазирони маъруфи эронии Хилофат — Бармакиён пайваст. Абон «Калила ва Димна», «Булуҳар ва Будосаф», «Китоби Синдбод» («Синдбоднома»), «Сирати Ардашер» («Корномаи Ардашери Бобакон»), «Сирати Анӯшервон» (Корномаи Анушервон), «Китоби Маздак»-ро, ки Ибни Муқаффаъ ба забони арабӣ тарҷума карда буд, инчунин асари Ибни Муқаффаъ «Адаб»-ро ба забони арабӣ ба назм даровардааст. Ибни Надим дар «ал-Феҳрист» ба шумори асарҳои ба назм даровардаи Абон инчунин «Китоб-ул-мантиқ» (зоҳиран «Мантиқ»-и Арастуст, ки онро Ибни Муқаффаъ аз паҳлавӣ ба арабӣ гардонда буд), «Зот-ул-ҳулал», «Китоб-ур-расоил», «Китоб Ҳулм ал-Ҳинд»-ро дохил кардааст. Ба қалами Абон яке аз нахустин маснавиҳо дар адабиёти араб «Фи-с-сиём ва-з-закот» (номи дигараш «Китоб-ус-сиём ва-л-иътикоф» — китоб доир ба рӯза ва гӯшанишинӣ), ғазалҳо, порчаҳои шеърӣ дар шаклҳои мадҳия, ҳаҷвия, марсия ва ғайра (тақрибан 600 байташон дастрас гардидааст) тааллуқ доранд.
Осор
вироишБа қалами Абон яке аз нахустин маснавиҳо дар адабиёти араб «Фи-с-сиём ва-з-закот» (номи дигараш «Китоб-ус-сиём ва-л-иътикоф» — китоб доир ба рӯза ва гӯшанишинӣ), ғазалҳо, порчаҳои шеърӣ дар шаклҳои мадҳия, ҳаҷвия, марсия ва ғайра (тақрибан 600 байташон дастрас гардидааст) тааллуқ доранд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 1. — С. 27.
- ↑ كحالة ع. ر. معجم المؤلفين (араб.): تراجم مصنفي الكتب العربية — Ҷ. 1. — С. 1.
Адабиёт
вироиш- Абон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Донишномаи Сомониён, ҷилди 1, Х., 2008.