Абоқохон
Абоқохон (муғ. ᠠᠪᠠᠬᠠ ᠬᠠᠭᠠᠨ; 2 феврали соли 1234, Муғулистон – 1 апрели соли 1286, Ҳамадон, Эрон) — писари калонии Ҳалокухон, дуюмин хони муғул аз силсилаи Ҳалокуиёни Эрон.
муғ. ᠠᠪᠠᠭᠠ ᠬᠠᠨ | |
19 июни 1265 — 1 апрели 1282 | |
Таваллуд |
27 феврал 1234[1][2] |
Даргузашт |
1 апрел 1282[3][1][2] (48 сол) |
Дудмон | Chingissid[d] ва Q12839171? |
Сулола | Ҳалокуиён |
Падар | Ҳулагухон[4][5] |
Ҳамсар | Maria Palaiologina[d], Padishah Khatun[d], Öljei Khatun[d], Buluqhan Khatun[d], Bulujin Egachi[d], Todei Khatun[d], Nokdan Khatun[d] ва Mirtay Khātūn[d] |
Фарзандон | Арғунхон[5], Gaykhatu[d][5], Oljath[d], Georgios Bahadur[d], El Qutlugh Khatun[d], Malika Khatun[d], Toghanchuq Khatun[d] ва Theodora Palaiologina Arachantloun[d] |
Набардҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДухтари Саъд ибни Абубакр (ҳукмронӣ 1260) ва Турконхотун. Баъди аз тарафи муғулон қатл шудани Салҷуқшоҳ аз хонадони салғурӣ танҳо Абоқохон дар лашкаркашии падараш ба Эронзамин (1256) ширкат карда, бахусус дар ҷангҳои зидди ӯрдаи Заррин (солҳои 1261 – 62) хеле фаъол буд. Дар замони падараш волии Хуросон ва Мозандарон таъйин шуд. Пас аз марги падараш (1265) байни Абоқохон ва бародараш Яшмут муноқиша рӯй дод. Оқибат Абоқохон 19 июни 1265 ба тахт нишаст ва Шамсуддин Ҷувайниро, ки вазири хирадманди падараш буд, нигоҳ дошта, Табрез пойтахти салтанати худ қарор дод. Иртиботи ӯ бо хонҳои ӯрдаи Заррин ҳамоно душманона буд. Абоқохон ду маротиба ба Бухоро лашкар кашида (1273 ва 1276), шаҳрро ба андозае ғорат намуд, ки то ҳафт сол аз мардум холӣ монд. Оқбак (волии яке аз навоҳии Хуросони Шарқӣ) ва Шамсуддини Курт (ҳокими Ҳирот) алайҳи Абоқохон шӯриданд ва ӯ тавонист қиёми онҳоро фурӯ нишонад. Абоқохон соли 1280 ба Хуросон лашкар кашид ва ин навоҳиро дубора ба итоати худ даровард. Дар мағриби салтанати Абоқохон низ оромӣ набуд ва бо мақсади фурӯ нишондани наҳзатҳои истиқлолталабонаи ин мулкҳо чанд бор ба Миср, Сурия, Арманистони Сағир, Гурҷистон лашкар кашид. Охируламр 20 зулҳиҷҷаи соли 680 Абоқохон ногаҳон фавтид ва дар ҷазираи Шоҳии дарёчаи Ризоия дар канори падараш мадфун шуд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
- ↑ 2.0 2.1 https://www.sapere.it/enciclopedia/Abāqā.html (итол.) — De Agostini Editore, 2001.
- ↑ https://pantheon.world/profile/person/Abaqa_Khan
- ↑ Абака-ханъ (рус.) // Энциклопедический лексикон — СПб.: 1835. — Т. 1. — С. 8.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 Китайская биографическая база данных (ингл.)
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.