Абрӯй (тав.номаълум - 585) — сарвари шӯриши бенавоёни Суғди Поён (Бухоро ва навоҳии атрофи он) дар солҳои 80 садаи VI мелодӣ.

Аӣрӯй
Сравари шуриши Суғди поён
Даргузашт 585(0585)

Зиндагинома

вироиш

Мувофиқи маълумоти таърихнигорон Наршахӣ ва Нишопурӣ шӯриши аввал дар Бухоро ва навоҳии он сар зада, сипас шӯришчиён Пайкандро тасарруф намуданд ва Абрӯй худро ҳокими Бухоро эълом кард. Аъёну ашрофи Бухоро ба Ҳафтруд фирор карданд. Хоқони турк Қарочӯрин ба мадади ашрофи Бухоро шитофт ва соли 585 бо сипоҳаш Бухороро забт кард, аксари шӯришгарон ва аз ҷумла сарварашон Абрӯйро ваҳшиёна ба қатл расонд.

Сарчашма

вироиш