Суғдиён (ё ин ки Суғд юн.-қад. Σογδιανή) – номи паҳншудаи вилояти Суғд ва шаҳрвандони ин вилоят, ки яке аз қисми Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо (форсӣ: شاهنشاهی هخامنشیها‎) буд. Кишвари Суғдиён дар замони ҳукмронии шоҳ Дорои I ба ҳайати сатрапияи XVI дохил буд ва дар қисми Тоҷикистони ҳозира, (ба ғайр аз Бадахшон), қисми ҷанубии Ӯзбекистон (Самарқанд ва Бухоро) ва қисми шимолии Афғонистон ҷойгир шуда буд.

Таърих

вироиш

Таърихи пайдоиш

вироиш

Давлати Суғд ҳам аз қадимтарин давлатҳои Осиёи Миёна буда, сокинонаш асосан суғдиён буданд. Суғдиён ҳам чун бохтариёну хоразмиён молики маданияти хеш буда, дар тамаддуни ибтидоии тоҷикон саҳми калон гузоштаанд ва ҳатто яке аз эҷодкорони маданияти халқи тоҷик гўем ҳам, иштибоҳ намешавад.

Новобаста аз ҷангҳои ғоратгарона ва хонумонсўз суғдиён маданияти хешро нигоҳ медоштанд. Самараи ҳифзи маданият, урфу одат ва забон ба он оварда расонд, ки дар асоси ин хидмати нек забони адабии ҳозираи тоҷик шакл гирифт, ба ин забон назми оламгире офарида шуд, ки асосгузори он одамушшуаро, устод Рӯдакӣ буд. Дар арсаи сиёсат давлати Сомониён ба вуҷуд омад ва имконияти бештареро барои густариши ин забон ва ин маданият фароҳам сохт.

То ҳуҷуми арабҳо забони суғдӣ дар Суғд мавқеи устувореро соҳиб буд. Нисбати маълумоти Табарӣ арабҳо дар Самарқанду Бухоро ба забони тоҷикӣ исломро паҳн мекарданд, сабаб дар он буд, ки забони бегона ва душворфаҳми арабӣ ба суғдиён шинос набуд. Хулосаи дигар нисбати шаҳодати ин муаррихон он аст, ки дар асри VIII ба забони тоҷикӣ суғдиён муошират намоянд ҳам, вале дар ин давра доираи истифодаи забони суғдӣ, хоразмӣ ва бохтариро забони тоҷикӣ суст мекунад.

 
 
 
Либоси мардонаи суғдӣ Афросиёб (Самарқанд). Либоси занонаи суғдӣ Афросиёб (Самарқанд). Либоси мардонаи суғдӣ Панҷакент (Тоҷикистон).

Нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш