Абубакр Муҳаммади Хуҷандӣ

(Тағйири масир аз Абубакри Хуҷандӣ)

Абубакр Муҳаммад ибни Собит ибни Ҳасан ибни Алии Хуҷандӣ (дарг. 1090) — фақеҳ, шоир, донишманди форс-тоҷик, падари Абусаид Муҳаммади Хуҷандӣ.

Абубакр Муҳаммади Хуҷандӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: фақеҳ, шоир
Таърихи даргузашт: 1090
Фарзандон: Оли Хуҷанд
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Ба таҳсил дар зодгоҳаш шурӯъ намуд ва баъдан барои омӯзиши илмҳои мутадовили давр ба Самарқанду Бухоро рафт.

Пас аз хатми таҳсили Мад­раса ба Марв омад ва ба ваъзгӯӣ машғул шуд. Дар баъзе маҷлисҳои ваъзи ӯ адибон, сиёсатмадорон аз қабили Низомулмулк, Авфӣ, Озар, Абубакри Қазвинӣ иштирок карда, ба маҳорати Абубакр баҳои баланд додаанд.

Низомулмулк ӯро барои кор ба мадрасаи Низомияи Исфаҳон даъват кард. Пас аз вафоти Низомулмулк ин Мадраса дар ихтиёри Абубакр монд. Абубакр бунёдгузори хонадони Оли Хуҷанд мебошад, ки дар Исфаҳон тақрибан 200 сол фаъолият доштанд. Абубакр инчунин сарвари мазҳаби шофеӣ буд.

  • «Равзату-л-манозир»
  • «Завоҳиру-д-дурар фӣ нақди ҷавоҳири-н-назар»

Адабиёт

вироиш
  • Саид Нафисӣ, Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ, Тошкент, 1344 ҳиҷрии шамсӣ.