Абулаббоси Мустағфирӣ
Абулаббоси Мустағфирӣ (Насафии Самарқандӣ Ҷаъфар ибни Абуалӣ Муҳаммад ибни Абубакр); 961 — 1041, Насаф ) — таърихнигор, адиб, муҳаддис ва фақеҳи машҳур.
Насафии Самарқандӣ Ҷаъфар ибни Абуалӣ Муҳаммад ибни Абубакр | |
Таърихи таваллуд | 961 |
Зодгоҳ | Насаф |
Таърихи даргузашт | 1041 |
Маҳалли даргузашт | |
Фазои илмӣ | таърихнигор, Адиб, Муҳаддис, фақеҳ |
Зиндагинома
вироишМуҳаммад ибни Абубакр (961 – 1041, Насаф), таърихнигор, адиб, муҳаддис ва фақеҳи машҳур. Дар «Китоб-ул-ансоб»-и Самъонӣ омадааст, ки Абулаббоси Мустағфирӣ муддате чанд дар Марв, Сарахс, Нишопур, Бухоро ва Самарқанд умр ба сар бурдааст. Аз соли 987 дар масҷиди ҷомеи Насаф амри маъруф мекардааст. Дар охири ҳаёташ пешвои имомхатибони Насаф буд.
Осор
вироиш. Асарҳои «Китоби таърихи Самарқанд», «Китоби таърихи Насаф ва Кеш» (2 ҷилд), «Китоб-уш-шеър ва-ш-шуаро», «Китоб-ул-вафо», «Китоби далоил ан-нубувва», «Китоб-уд-даъавот», «Китоб хутаб-ин-набиино», «Китоби тибб-ан-набиийа» аз таълифоти Абулаббоси Мустағфирӣ мебошанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.