Абулвайси Азиз
Абулвайси Азиз — нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989)
Абулвайси Азиз | |
Таърихи таваллуд: | 8 март 1939 (85 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Кӯлоб ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Зиндагинома
вироишАбулвайси Азиз 8 марти соли 1939 дар деҳаи Яхсуйи Даҳанаки Болои ноҳияи Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа таҳсилро дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома дода, соли 1963 ба итмом расондааст. Баъдан муаллими мактаби миёна, ходими адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», муҳаррири нашриёти «Ирфон», «Адиб» (1987-1994) будааст. Аз соли 1994 машғули кори эҷодист.
Эҷодиёт
вироишМуаллифи китобҳои «Сарбоз» (1984), «Рӯҳи замин» (1989), «Офтоби сарҷӯ» (1991), «Дили сарҷӯ» (1993), «Баҳо» (2000), «Муаммои мавҷудот» (2006), «Шеди ниёгон» (2014) рисолаҳои хурди таърихӣ-бадеӣ мебошад, ки андешаҳои муаллифро дар боби сиришту сарнавишти инсон фароҳам овардаанд ва басо пандомӯзу ибратбахшанд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.27 ISBN 978-99947-2-379-9