Абулвайс Азизов (тав. 8 марти 1939, деҳаи Яхсуи Даҳанакии Болои Кулоб) — нависандаи тоҷик. Узви ИН Тоҷикистон (1989)

Абулвайс Азизов
Таърихи таваллуд: 8 март 1939(1939-03-08) (85 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Кӯлоб
Навъи фаъолият: нависанда
Забони осор: тоҷикӣ

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи УДТ (1963). Муҳаррири нашриёти «Ирфон» (1963, 1973 — 87). Омӯзгори мактаби миёна (1963 — 68), корманди газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1968 — 73), муҳаррири нашриёти «Адиб» (1987 — 94). Аз соли 1994 нафақагир, машғули кори эҷодист.

Фаъолияти эҷодӣ

вироиш

Нахустин ҳикояву очеркҳояш миёнаи солҳои 60 садаи XX ба табъ расидаанд (ҳикояи нахустинаш дар бораи С. Амиршоев соли 1968 чоп шуд). Маҷмӯаи нахустинаш «Сарбоз» (1984) қиссаҳо (киноповестҳо)-и «Абдукарим», «Ҳаким», «Ғӯл»-ро дар бар мегирад. Дар маҷмуаи дуюмаш «Рӯҳи замин» (1989) қиссаҳои «Модар», «Ятимони сарбоз» ҷой гирифтаанд. Азизов рисолаҳои хурди пандомӯз-ангораҳо менависад, ки чанде аз онҳо дар маҷмуаҳои «Офтоби Сарҷӯ» (1991), «Дили Сарҷӯ» (1993), «Бақо» (2000), «Муаммои мавҷудот» (2006) фароҳам омадаанд. Азизов дар бораи Абурайҳони Берунӣ, Убайди Зоконӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Рӯдакӣ, Имоми Аъзам, «Тӯҳфат-ус-сурур»-и Дарвешалии Чангӣ, «Тӯтинома»-и Зиёуддини Нахшабӣ ва ғайра рисолаҳои хурди таърихиву бадеӣ, шарҳиҳолӣ, таълимӣ иншо намудааст.

Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1989.

Сарчашма

вироиш