Абулфавориси Фанорӯзӣ

Абулфавориси Фанорӯзӣ Хоҷа Амид (соли таваллуд ва вафот номаълум) — нависанда ва мутарҷими форс-тоҷик (асри 10).

Абулфавориси Фанорӯзӣ
Зодгоҳ: Самарқанд
Навъи фаъолият: нависанда ва мутарҷим
Забони осор: форсӣ-тоҷикӣ

Зиндагинома вироиш

Дар Фанорӯз ном деҳе аз деҳоти атрофи Самарқанд ба дунё омадааст. Дар солҳои 950 – 951 Абулфавориси Фанорӯзӣ «Синдбоднома»-ро аз забони паҳлавӣ ба форсии дарӣ (тоҷикӣ) гардонд. Тарҷумаи Абулфавориси Фанорӯзӣ то замони мо нарасидааст. Насрнависи садаи XII Заҳирии Самарқандӣ матни тарҷумаи Абулфавориси Фанорӯзиро таҳрир кард ва асаре бо номи «Синдбоднома» таҳия кард.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш