Абулфазл Усмон ибни Аҳмади Ҳиравӣ (? — қарни XII) — шоири қасидасарои форс-тоҷики аҳди салҷуқии баъди султон Санҷар.

Абулфазли Усмон
Зодгоҳ: Ҳирот
Самт: шоир
Забони осор: тоҷикӣ

Зиндагинома

вироиш

Аслаш аз Ҳирот. Дар Нишопур низ зиндагӣ кардааст. Тазкиранигор Муҳаммад Авфӣ бо ӯ мулоқот кардааст ва вайро дар силки шоирони Хуросони аҳди салҷуқии баъди замони султон Санҷар (ҳукмронӣ 1118—1158) меорад. Авфӣ дар бораи Абулфазли Усмон мегӯяд: «Агарчи ба шеъру шоирӣ нисбат надошт, фааммо чун ашъору абёти ӯ матину латиф буд, номи ӯ дар силки шуаро оварда шуд». Абулфазли Усмон рубоиҳои ҳаҷвӣ ва ишқӣ мегуфтааст. Ин рубоӣ аз ӯст:

Дӣ гуфтамаш: «Эй гашта дил аз меҳри ту хун,
Бар себи ту чист нуқтаи ғолиягун?»
Гуфто: «Зи латофате, ки дар себи ман аст,
Он дона бувад, ки менамояд зи дарун».

Адабиёт

вироиш
  • Муҳаммад Авфӣ, Лубоб-ул албоб, ҷ. 2, Лейден, 1903.