Абулфазл Сулламии Марвазӣ

Абулфазл Сулламии Марвазӣ (форсӣ: ابوالفضل سلمی مروزی‎), маъруф ба Ҳокими Ҷалил (форсӣ: حاکم جلیل‎; ? — 946) — муҳаддис ва фақеҳи маъруфи ҳанафии аҳди Сомониён, вазири амири Нӯҳ ибни Наср.

Абулфазл Сулламии Марвазӣ
Иттилооти инфиродӣ
Зодгоҳ: Марв
Таърихи даргузашт: 946
Вироиши Викидода

Зиндагинома вироиш

Абулфазл аслан Марвӣ буд ва дар шаҳрҳои Марв, Нишопур, Рай, Бағдод, Куфа, Макка, Миср ва Бухоро аз машоихи машҳури он рӯзгор таълим гирифта, баъдҳо машоих ва бузургони Хуросон назди ӯ дониш андӯхтанд. Чун Абулфазл дар фиқҳ устоди амири Сомонӣ — Нӯҳ ибни Наср буд, зимоми умурро ба ӯ вогузошт ва ба раъйи ӯ фармон меронд. Аммо Абулфазл аввалҳо аз қабули вазифаи вазирӣ худдорӣ мекард ва баъдан ба исрори амир ин симатро пазируфт. Амир Наср бо ҳадафи ҷалби ризои фуқаҳо ва саркӯб кардани ҳаракати эътиқодии исмоилӣ Абулфазлро ба ин мансаб нишонд. Аммо идораи умури мамлакате чунон бузург ва ахиран ҳифзи инзиботи лашкариён, ки такягоҳи умдаи давлат хусусан дар муқобили рақибони тозае ҳамчун Оли Буя буданд, вазири кордон ва сиёсатдонро тақозо мекард, ки Абулфазл аз ин сифот баҳра надошт. Натиҷаи ин заъфи вазорат ва мудирияти Абулфазл он шуд, ки беш аз шаст миллион дирҳам ба барои айшу ишрат пардохт шуд ва хазина холӣ гашт. Дар ин ҳангом лашкариёни Нӯҳ, ки аз бекифоятӣ ва бадрафтории вазир шикоят доштанд ва ӯро сабабгори ошуфтагии авзои кишвар донистанд (сабаби шӯриши Абуалии Чағонӣ), хоҳони қатли Абулфазл шуданд. Лашкариёни шӯришӣ соли 946 наздики дарвозаи Марв ӯро ба қатл расонданд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш