Абулфазл ибни Муборак

Абулфазл ибни Муборак (форсӣ: ابوالفضل بن مبارک‎; 14 январ 1551[1], Агра12 август 1602[2], Лоҳур) — адиб ва шоири форсизабони Ҳиндустон, бародари Файзии Даканӣ.

Абулфазл ибни Муборак
Таърихи таваллуд: 14 январ 1551(1551-01-14)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 12 август 1602(1602-08-12)[2] (51 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: тарҷумон, шоир, муаррих, сиёсатмадор, нависанда
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Падараш — Шайх Муборак аслан аз мардуми Яман буд. Абулфазл дар ҷавонӣ илмҳои маъмули замонашро мукаммал омӯхта, чанд муддат дар дарбори подшоҳи Ҳиндустон — Ҷалолуддин Акбар (ҳукмронӣ 1542—1605) вазифаи дабириро иҷро кард. Дар дарбор кори ӯ равнақ пайдо кард ва то ба дараҷаи вазирӣ расид. Соли 1599 Абулфазлро барои обод кардани шаҳри Дакан фиристоданд ва азбаски дар миёни ӯву шоҳзода Салим (ки баъдтар ба унвони Ҷаҳонгир ба подшоҳӣ расид) душманӣ буд, ӯро дар наздикии Сабзвор куштанд. Абулфазл забонҳои арабӣ ва санскритро медонист. Дар илмҳои гуногун таълифоти бисёре дорад.

Мероси адабӣ

вироиш

Китоби «Акбарнома», ки таърихи ҳукмронии Акбар ва хонадони ӯ ва «Оини Акбарӣ», ки дар роҳу равиши ҳукумати Акбар аст, аз таълифоти ӯст. Китоби «Калила ва Димна»-ро бо номи «Иёри дониш» таҳрир кардааст. Дар тарҷумаи китоби «Маҳабҳарата» ва иншои «Таърихи алфӣ» ширкат варзидааст. Муншаоти ӯ бо номҳои «Мукотиботи Алломӣ», «Иншои Абуфазл» ё «Мукотиботи Абулфазл» маълуму машҳуранд. Дар ахлоқ ва тасаввуф низ таълифот доштааст. Китоби «Ҳуюту-л-ҳайвон»-и Камолиддини Шофеиро (1342—1406) аз арабӣ ба форсии тоҷикӣ гардонидааст. Абулфазл дар ривоҷу равнақи забони форсии тоҷикӣ хидмати арзишманд кардааст. Вай хеле кӯшидааст, ки забони форсии тоҷикиро аз калимаҳои мушкилфаҳму номатбӯи забони арабӣ тоза кунад ва ба ҷойи онҳо луғатҳои мустаъмали забони дариро бигузорад. Вай сабки душворфаҳми насрро тағйир дод. Номаҳоеро, ки аз дарбори Акбар ба атроф мефиристонданд, ба услуби содаю равон менавишт. Дар онҳо калима ва таъбирҳои душвори арабӣ кам буд. Абулфазл калима ва ибораҳои маъмули забони форсии тоҷикиро бештар истифода мекард. Забон ва услуби асарҳои хурди ӯ низ содаю равонанд. Абулфазл бо тахаллуси Алломӣ ғазал, қасида ва маснавӣ сурудааст.

Адабиёт

вироиш