Абулфидо Исмоил

Абулфидо Исмоил (1273, Димишқ27 октябри 1331, Ҳамо) — олими энсиклопедиянигори араб, таърихдон, географ; аз авлоди амирони Айюбиёни Ҳамо (Сурия).

Абулфидо Исмоил
ар. إسماعيل بن علي بن محمود بن مُحمَّد بن عُمر بن شاهنشاه الأيُّوبي
أبوالفداء.jpg
Таърихи таваллуд: ноябри 1273
Зодгоҳ: Димишқ
Таърихи даргузашт: 27 октябр 1331 (57 сол)
Маҳалли даргузашт:
Фазои илмӣ: фалсафаи исломӣ[d], ҷуғрофиё ва history of Islam[d]
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Асарҳои илмӣВироиш

Асарҳои машҳуру маъмултарини Абдулфидо инҳоанд 1) «Ал-мухтасар фӣ таърих-ил-башар». Ин асар ҳодисаҳо, рӯйдодҳо ва воқеаҳои то соли 1329-ро, ки аксаран аз қисмҳои кӯтоҳкардашудаи китоби таърихии Ибни Асир – «Ал-Комил фӣ-т-таърих» гирифта шудаанд, дар бар гирифтааст. 2) «Тақвим-ул-булдон» (дар қисмати аввали он маълумот оид ба замин , ҳафт иқлими он, баҳру дарёҳо ва кӯҳҳо; дар қисмати дуюм маълумот оид ба Хоразм ва Мовароуннаҳр дода шудаанд). 3) «Таърихи Абулфидо», воқеаҳои таърихии ҳамон замонро то соли 1329 дар бар гирифтааст. Абдулфидо оид ба илми фиқҳ низ китобе бо номи «Ал-Ҳовий» навиштааст. Асараш «Тақвим-ул-булдон» қисман ба забони русӣ тарҷума шудааст (1891, Қазон).

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш