Абулғозӣ Баҳодурхон
Абулғозихон (1603—1663, Урганҷ) — хони Хева, таърихнигор, шоир.
ӯзбекӣ: Abulgʻozi Bahodirxon | |
1645 — 1663 | |
Таваллуд |
1603 |
Даргузашт |
1663 Урганҷ |
Падар | Арабмуҳаммадхони I |
Фарзандон | Anusha Khan[d] |
Эътиқод | ислом |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДар Урганҷ ба дунё омада, дар ҳамон ҷо умр ба сар бурдааст. Соли 1645 аз тарафи узбакони Арал хон интихоб гашта, баъди муборизаҳои бисёри дохилӣ хони Хева гардид. Барои мустаҳкам намудани ҳокимияти худ бо туркманҳову қалмоқҳо ва хонигарии Бухоро муборизаҳои шадиде бурдааст. Соли 1663 тахтро ба писараш Анӯш супурд. Муаллифи китобҳои таърихии «Хонадони туркман» ва «Шаҷараи хонадони туркҳо» мебошад, ки маълумоти муфиде доир ба халқҳои туркман, узбак, қарақалпоқу қазоқ доранд.
Асарҳои таърихии Абулғозихон ба забонҳои русӣ ва аврупоӣ тарҷума шудаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Абулғозихон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.