Арабмуҳаммад (дарг. 1621, Урганҷ) — хони Хева (1602—1623). Писари хурдии Ҳоҷӣ Муҳаммадхон.

Арабмуҳаммад
Даргузашт 1621
Дудмон Шайбониён
Падар Hajim Muhammad[d]
Фарзандон Абулғозихон, Афғонмуҳаммад[d] ва Исфандиёрхон[d]

Дар аҳди салтанати Арабмуҳаммад ба Хева қалмоқу қазоқҳо якчанд бор ҳуҷуми бебарор карданд. Парокандагии феодалӣ авҷ гирифт. Мулки ҳар як шоҳзода дар асл мустақил буд. Соли 1623 барои ҳокимият байни Арабмуҳаммад ва писаронаш Элбарс ва Ҳабаш мубориза бархост. Дар ҷанг Арабмуҳаммад мағлуб гардид ва ба ҳабс гирифта шуд. Писаронаш чашмони Арабмуҳаммадро кӯр ва аз тахт бенасиб карданд.

Адабиёт

вироиш